Фарзанд қарз гирифту падар ҷавоб гуфт: кордкашии ду ҳамдеҳа барои қарзи писар

© Flickr \ kishjar?Нож и деньги
Нож и деньги - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марди 28-солаи сокини ноҳияи Мурғоб марди 49 соларо барои қарзи фарзандаш ба хонаи худ даъват намуда, дар ҷараёни ҷанҷол ӯро бо корд захмӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Мурғоб марди 49 сола барои қарзи фарзанд аз дасти ҳамдеҳааш чанд маротиба корд худа, дар беморхона бистарӣ гардидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

201-я РВБ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВКД Тоҷикистон исми ҳамлагар ба низомиёни русро гуфт

Бино бар иттилои манбаъ, ахиран ба ШВКД дар ноҳияи Мурғоб аризаи марди 49-солаи сокини деҳаи Аличули ноҳияи мазкур ворид гардид.

Номбурдашикоят бурдааст, ки рӯзи 23-юми сентябри соли равон, тахминан соати 10:30-дақиқа, марди 28-солаи сокини ноҳияи Мурғоб, аз сабаби қарздор будани писараш, ӯро ба хонаи истиқоматиаш даъват намуда, ҳангоми гуфтугӯ ногаҳон бо корд ба ӯ ҳамла намуд.

Марди 28-сола номбурдаро ба тарафи чапи қафаси сина, кафи даст ва банди дасти чапаш корд задааст.

Тавре манбаъ таъкид намудааст, дар натиҷа, номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсия нисбати ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0