Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистону Узбакистон хостори таҳкими ҳамкорӣ шуданд

Рӯзи 23 сентябр дар толори конфронси меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Узбакистон семинари минтақавӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, семинари минтақавӣ дар мавзӯи “Стандартҳои байналхалқии меҳнат дар таҳкими қобилияти муқовиматпазирии ҷомеа ба буҳронҳо ва татбиқи ҳадафҳои меҳнати арзанда” баргузор шуд.

Последнее звено трансазиатского газопровода “Центральная Азия - Китай” запущено в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон
Дар зарфи ҳафт моҳ Тоҷикистон аз Узбакистон 72 миллион метри мукааб газ харидорӣ намуд

Тавре манбаъ хабар додааст, дар семинар раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим, ва раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Узбакистон Қудратулло Рафиқов, ва мудири бахши Аврупоӣ - Осиёи Марказии ташкилоти байналхалқии меҳнат (МОТ) Сергеюс Гловатскас ширкат варзиданд.

Ҳайати Узбакистон таҳти роҳбарии Вазири умури хориҷии кишвар ба Тоҷикистон меоянд

Қодири Қосим гуфт, пас аз боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистону Узбакистон ва барқарор шудани муносибатҳо рушди босуръати ҳамкориҳои дуҷониба мушоҳида мешавад.

Дар ҳамин ҳол зимни суханронӣ муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ таъкид дошт, ки  баргузории семинари мазкур вобаста ба масъалаҳои меҳнат дар сатҳи минтақа аввалин буда, барои намояндагони ҳарду ҷониб таҷрибаи хубе хоҳад буд.

Встреча Эмомали Рахмона с с Министром иностранных дел Республики Узбекистан Абдулазизом Камиловым - Sputnik Тоҷикистон
Сипосгузории Узбакистон аз Тоҷикистон барои пешсафӣ дар ҳалли мушкили глобалӣ

“Дар вилояти Суғд ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандон, афзудани ҷойи холии корӣ, дастгирию ҳавасмандгардонии коргарон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои аҳолии қобили меҳнат чораҳои зарурӣ андешида мешаванд”, – афзуд ӯ.

Дар ҷараёни кори семинар вобаста ба таҷлили 100-солагии Ташкилоти байналхалқии меҳнат (МОТ) ва натиҷаҳои Конфронси умумиҷаҳонӣ доир ба ин сана, қабули қарордоду конвенсияҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи кормандон маърӯзаҳо ироа гардид.

Инчунин, масъалаҳои нақши иттифоқҳои касаба дар таъмини барномаҳои давлатӣ доир ба меҳнати арзанда, таҷрибаи иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбакистон низ мавриди таҳлил қарор дода шуданд.

Манбаъ зикр намудааст, ки семинари мазкур то 25 сентябр соли равон идома хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала