Талоши парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли мушкилоти марзӣ

© Парламент РТШукурджон Зухуров глава Парламента Таджикистана провел встречу с главой парламента Киргизии Достон Джумабеков
Шукурджон Зухуров глава Парламента Таджикистана провел встречу с главой парламента Киргизии Достон Джумабеков  - Sputnik Тоҷикистон
Руасои парлумони Тоҷикистону Қирғизистон зимни мулоқоти рӯ ба рӯ таъкид намуданд, ки бояд парлумонҳои ду кишвар дар ҳамкории бисёр зич қарор бигиранд ва барои ҳалли масъалаҳо талош намоянд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон бо Раиси Маҷлиси Ҷогорку Кенеши Қирғизистон Достон Ҷумабеков мулоқот намуд.

Межпарламентская ассамблея СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров бо раиси парлумони Русия масоили иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард

Бино бар иттилои дафтари матбуоти парлумори кишвар, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо сатҳи кунунии муносибатҳои ду кишварро баланд арзёбӣ намуда, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарлумонии Тоҷикистону Қирғизистон, ҳамчунин соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, энергетика,  ҳамлу нақлро баррасӣ карданд.

Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот аз нақши парлумонҳои ҳар ду кишвар дар ҳалли масъалаҳои мутақобила, аз қабили мушкилоти сарҳадӣ, аломатгузории марзи давлатӣ, роҳу нақлиёт, рафту омади озоди шаҳрвандон ба кишварҳои якдигар ва дигар масъалаҳо ёдовар шуда, зикр намуд, ки дар ин замина бояд парлумонҳои ду кишвар дар ҳамкории бисёр зич қарор дошта бошанд ва барои ҳалли ин масъалаҳо талошҳои муассир анҷом диҳанд.

 “Ҳалли масъалаҳои марбут ба сарҳад, ки имрӯз ҷониби ҳарду кишварро ором гузошта наметавонад, барои мо як захмест, ки онро табобат кардан лозим аст. Барои табобат бошад таҳамулпазири лозим аст. Парлумонҳои ҳар ду кишвар метавонанд дар ҳалли масъалаҳои зикршуда нақши ҳалкунанда ва калидӣ дошта бошанд” – қайд намуд Шукурҷон Зуҳуров.

Ҳамчунин зимни мулоқот авзои минтақа ва  ҳамгироиҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла барои таҳкими амну субот атрофии масъалаҳои сарҳадӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы - Sputnik Тоҷикистон
Таниш дар марз: аз чӣ оғоз шуду ба чӣ расид

“Комиссияи баӣниҳукуматии Тоҷикистону – Қирғизистонро зарур аст, ки самти корро дар баррасии масъалаҳои амнияти сарҳадӣ пурзур намоянд ва ҳарчи тезтар шартномаи байнидавлатиро  дар ин самт омода намуда ба имзо расонанд”, таъкид намудааст Зуҳуров.

Вай афзуд, ки Тоҷикистон умедвор аст, ки тавассути муколамаҳои парлумонӣ ба пешрафти кори комиссияи баӣниҳукуматӣ мусоидат хоҳанд кард.

Дар фарҷоми мулоқот тарафҳо  аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид карда шуд, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвар дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала