Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли арматура дар ноҳияи Рӯдакӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи “Оҳангудозии Тоҷикистон”-ро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими оғози фаъолияти корхона, ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода шуд, ки самти асосии фаъолияти корхонаи навтаъсис коркарди оҳанпора ва истеҳсоли ду намуди масолеҳи сохтмонӣ – арматур ва ноқил бо андозаҳои гуногун мебошад.

В СЭЗ Сугд будет открыто производство металлических чушек  - Sputnik Тоҷикистон
Истеҳсоли фулузпораи рехта дар МОИ “Суғд” бо сармоягузории Узбакистон

“Барои идора намудани дастгоҳу технологияи замонавӣ ва банду басти маҳсулоти истеҳсолшуда 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 60 ҳазор тонна арматур ва ноқил буда, сифати маҳсулот дар асоси таҳлили мутахассисон ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки ашёи хом ба корхона қисман аз дохили ҷумҳурӣ ва хокаи кимиёвии он аз ҷумҳурии Қазоқистон дастрас шуда, дуди ғализи он бо истифода аз дастгоҳҳои махсус коркард ва безарар гардонда мешавад.

Айби масолеҳи сохтмон: дар Душанбе далели болоравии нархи манзилро эълом карданд

Тавре иттилоъ дода шуд, барои бо сифати хуб истеҳсол шудани маҳсулоти корхона дастгоҳу технологияи муосир дар доираи ҳамкорӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардида, маҳсулоти ниҳоӣ арматура ва ноқил пас аз коркарди оҳанпора, истифодаи моддаи кимиёвӣ ва об кардан омода ва банду баст карда мешавад.

Бар асоси иттилои котиботи раисиҷумҳур, айни ҳол дар ноҳияи Рӯдакӣ 127 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ фаъолият доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала