Истиқболи гарму самимии футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе- аксу навор

© © Sputnik / Амир ИсаевВстреча молодежной сборной Таджикистана в аэропорту
Встреча молодежной сборной Таджикистана в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Тими мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон (U-16), ки бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирифт, соати 2-и имрӯз ба Ватан баргашт

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Новобаста ба он ки ними шаб буд, ҳазорон мухлиси футбол барои табрики даста ба фурудгоҳ расиданд, иттилоъ додааст Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистонро ҷавонону калонсон бо рақсу бози ва дабалу карнай пешвоз гирифтанд.

Миёни ҳазорҳо нафар сокинони пойтахт дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба пешвози футболбозон ҳайати роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи Тоҷикистон низ  омаданд.

Дар толори қабули меҳмонони олиқадр футболбозон ва ҳайати мураббиёну маъмуронро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов қабул карданд.

Онҳо тими мунтахаби наврасонро барои иштироки муваффақона дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ва дарёфти роҳхат ба марҳилаи финалӣ шодбош гуфтанд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон тими наврасони Урдунро дар меҳмонӣ бо ҳисоби 5:2 шикаст дода, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2020 роҳхат гирифт.

Тими наврасони Тоҷикистон бо 12 имтиёзу 29 гол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 рекорд гузошт.

Лентаи хабарҳо
0