Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар фурӯдгоҳ чӣ хел истиқбол гирифтанд ? - акс

Тими мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон, ки бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирифт, соати 2-и имрӯз ба Ватан баргашт

Ба пешвози мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол ҳазорон мухлисон, хешу пайвандон ва дӯстони онҳо ташриф оварданд.

Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ФФТ шаҳрвандонро барои истиқболи мунтахаби наврасони Тоҷикистон даъват намудаст

Новобаста ба он ки ними шаб буд, ҳазорон мухлиси футбол барои табрики даста ба фурудгоҳ расида буданд. Дастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистонро ҷавонону калонсон бо рақсу бози ва дабалу карнай пешвоз гирифтанд.

Дар дасти аксари мухлисон, ки ба пешвози футболбозони наврас омаданд, овезаҳо бо навиштаҷоти "Тоҷикистон ба пеш", буд.

Истиқболи гарму самимии футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе- аксу навор

Миёни ҳазорҳо нафар сокинони пойтахт дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба пешвози футболбозон ҳайати роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи Тоҷикистон низ  омаданд.

Дар толори қабули меҳмонони олиқадр футболбозон ва ҳайати мураббиёну маъмуронро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов қабул карданд.

Видеои голҳо ва хандаю гиря: наврасони тоҷик тими Урдунро шикаст доданд

Ёдрас мешавем, ки ахиран мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон тими наврасони Урдунро дар меҳмонӣ бо ҳисоби 5:2 шикаст дода, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2020 роҳхат гирифт.

Тими наврасони Тоҷикистон бо 12 имтиёзу 29 гол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 рекорд гузошт.

© © Sputnik / Амир ИсаевМухлисони футбол дар интизори мунтахаби наврасони Тоҷикистон
Встреча молодежной сборной Таджикистана в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон
1/9
Мухлисони футбол дар интизори мунтахаби наврасони Тоҷикистон
© © Sputnik / Амир ИсаевХурсанди мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳадду канор надорад
Встреча молодежной сборной Таджикистана в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон
2/9
Хурсанди мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳадду канор надорад
© © Sputnik / Амир ИсаевДар фурудгоҳи байналмиллалӣ футболбозони ҷавонро духтарони миллипӯш ба гулдастаҳо пешвоз гирифтанд
Встреча молодежной сборной Таджикистана в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон
3/9
Дар фурудгоҳи байналмиллалӣ футболбозони ҷавонро духтарони миллипӯш ба гулдастаҳо пешвоз гирифтанд
© © Sputnik / Амир ИсаевФутболбозони тоҷик бо ба самар расонидани 29 гол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2020 рекорд гузоштанд
Встреча молодежной сборной Таджикистана в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон
4/9
Футболбозони тоҷик бо ба самар расонидани 29 гол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2020 рекорд гузоштанд
© © Sputnik / Амир ИсаевМиёни ҳазорон мухлисон, инчунин роҳбари Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҳамзамон раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон низ омада буданд
Встреча молодежной сборной Таджикистана в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон
5/9
Миёни ҳазорон мухлисон, инчунин роҳбари Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҳамзамон раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон низ омада буданд
© © Sputnik / Амир ИсаевИстиқболи мунтахаби наврасони Тоҷикистон
Встреча молодежной сборной Таджикистана в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон
6/9
Истиқболи мунтахаби наврасони Тоҷикистон
© © Sputnik / Амир ИсаевТими наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё - 2020 дар маҷмӯъ ба 12 имтиёз соҳиб шуданд
Встреча молодежной сборной Таджикистана в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон
7/9
Тими наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё - 2020 дар маҷмӯъ ба 12 имтиёз соҳиб шуданд
© © Sputnik / Амир ИсаевЗимнан барои дастгирии мунтахаби наврасон,ҷавонон бо шиору овезаҳо ба пешвози онҳо омаданд
Встреча молодежной сборной Таджикистана в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон
8/9
Зимнан барои дастгирии мунтахаби наврасон,ҷавонон бо шиору овезаҳо ба пешвози онҳо омаданд
© © Sputnik / Амир ИсаевДар дасти аксар ҷавонон овезаҳо бо навиштаҷоти "Тоҷикистон ба пеш" ҷилва мезад
Встреча молодежной сборной Таджикистана в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон
9/9
Дар дасти аксар ҷавонон овезаҳо бо навиштаҷоти "Тоҷикистон ба пеш" ҷилва мезад
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала