Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Дар Волгоград аз чаҳор муҳоҷири заҳролудшудаи тоҷик як нафар ҷон бохт

Заҳролудшавии муҳоҷирони меҳнатӣ дар деҳаи Дубовка шаби дирӯз рух додаст. Муҳоҷирон ба хотири гарм шудан дар макони зисташон, дар тағорача ҳезум ҷамъ карда оташ даргиронданд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik.  Ба иттилои сомонаи Новости Волгоград, чаҳор муҳоҷири меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистонро корфармои онҳо субҳи имрӯз дар манзили иқоматашон, ки дар назди бинои сохтмонии қаҳвахона ҷойгир будаст, дар ҳолати беҳушӣ пайдо кардаст.

Скорая помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон хостори пардохти ҷубронпулӣ ба муҳоҷирони заҳролудшуда дар Русия шуд

Пизишкони ёрии таъҷилӣ пас аз ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудан, маълум намуданд, ки муҳоҷири 37- солаи  тоҷик аллакай аз дуди ғализ ҷони худро аз даст додаст ва се тани дигарро фавран ба беморхона интиқол доданд.

Иброҳим Аҳмадов: зиёда аз 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Маскав заҳролуд шудаанд

Манбаъ меафзояд, чун ҳаво хунук шудааст ва хоначаи муҳоҷирон беҳад сард буд, аз ин рӯ онҳо хостанд бо даргирондани оташ, худро аз хунукии шадид эмин нигоҳ доранд.

Муҳоҷирон ба ин хотир дар тағораи ҳаммом ҳезум ҷамъ намуда, оташ андохтанд, вале то саҳар аз дуди ғализи он заҳролуд шуданд.

Заҳролудшавии 16 узбакистонӣ дар Қазоқистон

Раёсати тафтишотии вилояти Волгоград феълан аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот бурда истодааст.

Ба маълумоти раёсати мазкур муҳоҷири ҳалокшуда шаҳрванди Тоҷикистон буда, чанде қабл ба муҳоҷират омада буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала