Пешгирӣ аз ҳамли номатлуб - барномаи нави Вазорати тандурустии Тоҷикистон

Обуна шудан
Мувофиқи пешгӯии духтурон ин барномаи давлатӣ метавонад дар Тоҷикистон дар давоми 3 сол пеши роҳи 450 ҳазор ҳамли номатлубро бигирад

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ба тозагӣ дар Тоҷикистон барномаи давлатии саломатии модарон ва пешгирӣ аз ҳамли номатлуб мавриди истифода қарор гирифт.

Ин лоиҳа баҳри назорати таваллуд, ҷилавгирӣ аз ҳамли номатлуб ва омӯзиши қоидаҳои алоқаи ҷинсӣ пешбинӣ шудааст.

Дар рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз ҳамли номатлуб (контратсепсия) Мунира Ғанизода, мудири Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ба ҳама саволҳои Sputnik Тоҷикистон ҷавоб дод.

Барномаи нав оид ба саломатии репродуктивӣ

Ин барнома аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҳукуматҳои Ҷопон ва Бунёди СММ оид ба аҳолии халқҳо UNFPA омода карда шудааст. Ин барнома барои солҳои 2019-2022 пешбинӣ шудааст.

Малыш в кроватке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ гуфт, модарони тоҷик бисёр таваллуд мекунанд

Яке аз мақсадҳои асосӣ барномаи нав монеъ шудан ба ҳамли нохоста дар миёни садҳо ҳазор зан аст. Ба қавли Ғанизода, дар барнома пешбинӣ шудааст, ки агар истифодаи василаҳои пешгирӣ аз ҳамли номатлуб зиёд шавад, мумкин аст, аз марги занон-модарон ҷилавгирӣ кунанд.

Аз дигар ҳадафҳои ин барнома дар ҳама гӯшаҳои кишвар пешниҳод намудани рифолаи ройгон ба мардон ва занон аст.

Барои амалӣ намудани ин иқдом Вазорати тандурустии кишвар тасмим гирифтааст ҳама нуқтаҳои тиббӣ, беморхонаҳоро бо маводҳои лозима баҳри пешгирии ҳамли номатлуб таъмин намояд.

Беременная женщина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чӣ қадар занони тоҷик таваллуд дар хона бар таваллудхонаро авлотар медонанд?

Ғайр аз ин занон ва мардони дар синни таваллуд қарор дошта ба омӯзиши ихтиёрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта мешаванд. Ҷонибҳо бояд ҳарду донанд, ки таваллуди фарзанди навбатӣ барои онҳо вақтӣ ва умуман лозим аст ё на.

Ба гуфтаи Ғанизода ҳукумати Тоҷикистон ин барномаро маҳз баҳри саломатии модару кӯдак коркард намуда пешкаши ҷомеа гардонидааст. Чунки дар Тоҷикистон оилаи калон ва серфарзандӣ ба як анъана табдил ёфтааст, аммо дар баъзе ҳолатҳо тарбия ва саломатии онҳо на он қадар ба назар гирифта мешавад.

Имрӯз дунё пеш рафтаистодааст, аммо сатҳи зоиш дар Тоҷикистон мувофиқи ақидаи баъзе олимон хатаровар ҳисобида мешавад.

Ин барнома баҳри кӣ пешбинӣ шудааст

Ин барнома ҳам ба занон ва ҳам ба мардон якхел таалуқ дорад. Он метавонад хатарҳои муриши занон ва модаронро камтар намуда, солимии занонро нигоҳ дорад.

Ребенок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳар рӯз 780 кӯдак таваллуд мешавад

Ин барнома алакай дар амал татбиқ шудааст. Табибон бар онанд, ки лоиҳаи мазкур натиҷаи хуб ба бор меорад.

“Бо шарофати ин барнома дар 88 маркази репродуктивӣ дар Тоҷикистон аз ҷумла беморхонаҳою таваллудхонаҳо мардон ва занон ба рифолаҳои ва дигар воситаҳои пешгирии ҳамл дастрасӣ доранд ва онҳо ба таври содда тақсим карда мешаванд”, - ба  

Тақсими бепули рифола имкон додааст, солона дар Тоҷикистон аз 100 ҳазор таваллуди нохоста ҷилавгирӣ шавад. "Ҳафтод дарсади аҳолӣ дар деҳот дар бораи васоили пешгирӣ аз ҳамли нохоста маълумот доранд ва истифода мекунанд. Бештар дар деҳаҳо се навъи ин мавод аз ҷумла сӯзандору, ҳаб ва рифола истифода мешавад", - Мунира Ғанизода, мудири Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод.

Работа перинатального центра, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзона дар Тоҷикистон чанд кас таваллуд мешаваду чанд мемирад? омори СММ

Дилхоҳ шаҳрванде, ки ба синнӣ балоғат расидааст ҳуқуқ дорад ба марказҳои муайян шуда мувофиқи маҳали зист омада баъди машварат бо духтур аз ин лавозимотҳо дастрас намояд. Тарзи гирифтан оддӣ аст, номнавис кардан лозим нест. Метавон танҳо омад метавон ҳамроҳ бо оила.

Ба гуфтаи Ғанизода барномаҳои танзими оила ва ривоҷ ёфтани истифода аз васоили пешгирӣ аз ҳамл, ҳамчунин имкон медиҳад, исқоти ҳамл, яке аз роҳҳои хатарноки танзими оила камтар шавад.

Бар асоси омори расмӣ, беш аз 50 дар сади занони қобили таваллуд барои пешгирӣ аз обистанӣ, ҳалқаҳои дохилираҳмӣ ба кор бурда, аз 16 фоиз бештари онҳо дору мехӯрдаанд ва бақия аз роҳҳои дигар кор мегиранд. Ин хоҳиши занон дар бораи ба назм даровардани ҳамл гоҳе ба интиқоди шадид рӯ ба рӯ мешавад.

Дети в Африке - Sputnik Тоҷикистон
Серфарзандтарин модари дунё дар 39 сол 38 фарзанд таваллуд кард-видео

Ба ақидаи мақомоти кишвар, омилҳои иқтисодӣ, боло рафтани огаҳии ҷавонон аз паёмадҳои серфарзандӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ имкон додаанд, ки суръати афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон кунд шавад. Бар асоси омори расмӣ, дар муқоиса ба солҳои 90-ум дар кишвар теъдоди фарзандон дар як оила аз 6-7 фарзанд, то ба 3-5 фарзанд коҳиш ёфтааст.

Аз рӯйи гуфтаҳои кормандони соҳаи омор дар соли 2019 аҳолии Тоҷикистон 205 521 нафар зиёд шуда дар охири сол 9 372 362 нафарро ташкил медиҳад.

Барномаи ба роҳ монда шуда барои солҳои 2019-2022 имкон дорад, ки дар давоми се соли ояндаи наздик 450 ҳазор ҳамли номатлубро дастгирӣ намояд.

Лентаи хабарҳо
0