СБМ барои таваҷҷуҳ ба занон, тағйири иқлим ва муҳоҷират 200 ҳазор доллар ҷудо кард

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкЗеленый рынок в Душанбе
Зеленый рынок в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рӯзҳое, ки тамоми олам дар саммити Созмони Милали Муттаҳид доир ба тағйири иқлим дар Ню-Йорк ҷамъ меояд, Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон лоиҳаи наверо оид ба тағйири иқлим, гендер ва муҳоҷират роҳандозӣ кард

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон лоиҳаи наверо оид ба тағйири иқлим, гендер ва муҳоҷират роҳандозӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти СБМ.

Невеста, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Талоқ бо паёмак” – таҳдид барои занони мусалмон

Муҳоҷирони тоҷик беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро ба ватан ирсол намуданд

Бино бар иттилои манбаъ, барномаи дусола аз ҷониби Бунёди рушди СБМ дар ҳаҷми 200 000 доллар маблағгузорӣ шудааст.

СБМ таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ фавқулодда осебпазир мебошад, ки бо харобшавии муҳити зист ва тағйирпазириҳои иқлим шиддат ёфта, ба иқтисоди он таъсири ногувор мерасонанд.

“Тӯли солҳои зиёд муҳоҷират барои одамони зиёде ба стратегияи мутобиқшавӣ табдил ёфтааст, чунки даҳҳо ҳазор нафар, асосан мардон, дар кишварҳои ҳамсоя ва берун аз қаламрави онҳо кор меҷӯянд. Чунин вазъият занонро ба рафъи мушкилоти нав, аз ҷумла пайомадҳои нохуши офатҳои табиие, мисли хушксоливу обхезиҳои рӯзафзун дар хонаводаҳову ҷамоатҳояшон вомегузорад”,- қайд намудааст СБМ.

Трудовые мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Танҳо дар 8 моҳ беш аз 411 ҳазор тоҷикистонӣ ба муҳоҷират рафтанд

Дар зиндонҳои хориҷ 158 маҳбусзанҳои тоҷик: ҳукумат мегӯяд онҳоро бармегардонем

Тавре Кристина Транка, роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон дар остонаи мулоқоте, ки СБМ ва Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, гуфт мо бояд ба кумаки техникӣ ба занони танҳогузошташуда таваҷҷуҳи бартар зоҳир намоем.

Мулоқоти мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба таври муштарак ташкил шуда, муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ дар он иштирок карданд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини СБМ зикр намуданд, ки лоиҳа мазкур ба амалисозии Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим саҳм хоҳад гузошт.

Лентаи хабарҳо
0