Шарҳи мақомоти тоҷик дар бораи заҳролудшавии маргбори муҳоҷирон

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкПразднование Курбан-байрама в России
Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия таҳқиқи заҳролудшавии маргбори муҳоҷирони тоҷикро дар ноҳияи Дубови вилояти Волгоград пайгирӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Тибқи иттилои намояндагӣ, шаби 23 сентябр дар ноҳияи Дубовскии вилояти Волгоград, муҳоҷири тоҷик барои гарм кардани хонаи хобашон дар тағораи ҳаммом оташ афрӯхта, хоб рафтаанд.

Трудовые мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Танҳо дар 8 моҳ беш аз 411 ҳазор тоҷикистонӣ ба муҳоҷират рафтанд

Манбаъ афзуд, ки аз дуди оташ муҳоҷирон дар ҳоли хоб заҳролуд шудаанд, ки дар натиҷа  сокини  37-солаи шаҳри Конибодом, Ҳаидов Мирзоҷон Аюбҷонович ба  ҳалокат  расид.

“Се муҳоҷири дигар аз шаҳри Конибодом - Маъруф Ҳаидови 33-сола, Беҳрӯз  Ғафорови 24-сола ва  Аҳрор Бурҳонови 30-сола дар пайи заҳролудшавӣ дар беморхонаи Волгоград бистарӣ шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Намояндагӣ таъкид намудааст, ки бо мақомоти Русия дар тамосанду таҳқиқи ҳодисаи мазкурро пайгирӣ доранд.

Қаблан расонаҳои Волгоград хабар доданд, ки чаҳор муҳоҷири меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистонро корфармои онҳо вақти субҳ дар манзили иқоматашон, ки дар назди бинои сохтмонии қаҳвахона ҷойгир будаст, дар ҳолати беҳушӣ пайдо кардаст.

Муҳоҷирбадбинӣ: оё Русия хостори муҳоҷирон ҳаст?

Пизишкони ёрии таъҷилӣ пас аз ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудан, маълум намуданд, ки муҳоҷири 37 сола тоҷик аллакай аз дуди ғализ ҷони худро аз даст додаст ва се тани дигарро фавран ба беморхона интиқол доданд.

Расонаҳо иттилоъ доданд, ки чун ҳаво хунук шудааст ва хоначаи муҳоҷирон беҳад сард буд, аз ин рӯ онҳо хостанд бо даргирондани оташ, худро аз хунукии шадид эмин нигоҳ доранд.

Лентаи хабарҳо
0