Дуктур, ватандӯст ва ё тундгаро: раисҷумҳури нави Афғонистон кӣ мешавад

© Photo / ارگАбдулла Абдулла и Мухаммед Ашраф Гани
Абдулла Абдулла и Мухаммед Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъди як рӯз дар Афғонистон интихоботи раисҷумҳур баргузор мегардад, ва маълум нест, ки кӣ тайи 5 соли оянда роҳбарияти ин кишвари нооромро бар дӯши худ мегирад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Вазъ дар атрофи интихоботи раисҷумҳури ояндаи Афғонистон дар ҳолати ногувор қарор дорад. Нилоофар Иброҳимӣ, вакили парлумон изҳор доштааст, ки қариб нисфи нуқтаҳои интихоботи аз сабаби таҳдиди ба амал омадани таркиш метавонанд корашонро оғоз накунанд.

Аз ҳақиқати чунин баёния вазъи Афғонистон худ дарак медиҳад. Масалан, 17 сентябр ҳангоми вохурии раисҷумҳури феълӣ, Ашраф Ғанӣ  бо мардуми шаҳри Чикар ҷангҷӯёни гуруҳи Толибон мошинеро дар тавақуфгоҳ тарконда, дасти кам 30 нафарро ба ҳалокат расониданд.

Ин яке аз таркишҳои гуруҳҳои ҷангҷӯён мебошад, ки тайи ним соли охир 10 амалҳои террористӣ ба вуқуъ пайваста буданд, ки ҷони садҳо одамонро аз байн бурданд. Ҳоло бошад вазифаи асосии номзадон ин аст, ки онҳо бояд тавонанд ба мардум расонанд, ки маҳз худи халқ метавонад пеши роҳи инро бигирад.

Ғанӣ ба даврӣ дуюм меояд

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARПрезидент Афганистана Ашраф Гани
Дуктур, ватандӯст ва ё тундгаро: раисҷумҳури нави Афғонистон кӣ мешавад  - Sputnik Тоҷикистон
Президент Афганистана Ашраф Гани

Ба гуфтаи мудири Маркази Русия оид ба омӯзиши Афғонистони муосир, Умар Ниссор то дами охир бовари надоштем, ки интихоботи роҳбари кишвар рӯзи 28 сентябр баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки чанде пеш дар бустонсарои собиқ президенти Афғонистон Хомид Карзай ҳамаи сиёсатмадорони шинохтаи афғон, ки мақомоти Афғонистонро даъват ба бозбинии вақти  интихобот карда буданд,  ҷамъ омаданд. Маълум шуд, онҳо боварӣ доранд, ки мавҷуд набудани созиши пешакӣ Афғонистонро метавонад ба мушкилии сиёсӣ расонад ва баъзеҳо ҳатто метавонанд натиҷаи интихоботро эътироф накунанд.

Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан, 17 сентября - Sputnik Тоҷикистон
Таркиши навбатӣ дар пешоруйи интихоботи Афғонистон боз 20 кушта барҷой гузошт

Аммо номзади асосӣ, раисҷумҳури феълии кишвар, Ашраф Ғанӣ ҳама талошро мекунад, то ки интихобот баргузор гардад. Тааҷубовар он аст, ки рафтори ӯ шаҳодат аз он медиҳад, ки вай мехоҳад ҳарчӣ зиёдтар сари вазифа бошад.

“Ҳоло ду номзади асосиро метавон ном бурд, ки инҳо президенти феълии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва сарвазир Абдулло Абдулло мебошанд. Ман онҳоро баробарвазн ҳисоб мекунам. Аммо аз сабаби он, ки ҳама захираҳои маъмурӣ зери роҳбарияти Ғанӣ қарор доранд, имкониятҳои ӯ ба пирӯзӣ зиёдтар мебошанд”, ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод Умар Ниссор.

Новобаста аз ҳама мушкилоти сиёсию иқтисодие, ки дар Афғонистон мавҷуд аст, рейтинги президенти феълии Афғонистон поён нашудааст, махсусан дар минтақаҳои пуштунишин. Қариб нисфи аҳолӣ дар маҳалҳои пуштунишин аз Ашраф Ғанӣ пуштибонӣ мекунанд. Ва ин ба гуфтаи сиёсатшинос, Андрей Серенко имкон медиҳад, ки натиҷаи интихобот алакай дар оғози он маълум гардад.

“Тахмин меравад, ки интихоби раисҷумҳур дар як давр ба анҷом мерасад. Ва ин барои афғонистони муоссир бори аввал ҳисоб мешавад”, - мегуяд Серенко.

Дуктури ғайрипуштуи Афғонистон

Новобата тими Ашраф Ғанӣ пирӯзии мутлақи ӯро ба курсии президенти интизоранд, аммо мухолифин дигархел назар доранд ва ҳеҷ кас даври дуюми интихоботро инкор накардааст.

© Фото : Dr. AbПремьер-министр Афганистана Абдулла Абдулла
Дуктур, ватандӯст ва ё тундгаро: раисҷумҳури нави Афғонистон кӣ мешавад  - Sputnik Тоҷикистон
Премьер-министр Афганистана Абдулла Абдулла

Ҳарифии асосии роҳбарии феълии Афғонистон ин дуктур Абдулло Абдулло, собиқ вазири корҳои хориҷа ва сарвазири кишвар дар даврони ҳукмронии Ашраф Ғанӣ  мебошад.

Выборы в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
"Афғонистон интихоботи президентиро ба таъхир меандозад"

Новобаста аз он ки Абдулло Абдулло то ҳол ба таври расмӣ дар бораи овоздиҳии тоҷикҳо, узбакҳо ва хазарҳои Афғонистон аз ӯ, чизе нагуфтааст, аммо як бурди асосиаш ҳамин метавонад шавад.

Аҳолии Афғонистон иборат аз пуштуҳо 40%, тоҷикҳо – 35% , узбакҳо – 10% ва хазарҳо низ тақрибан 10% мебошад.

Аммо новобаста аз ин роҳбарияти Афғонистон маҳз дар дасти пуштуҳо қарор дорад. Дар ин ҳол номзади ғайри пушту метавонад тарафдори зиёд ба худ ҷамъ кунад.

“Агар дар бораи ташкили тарафдорони зиёди мухталиф новобаста аз миллат, маҳз Абдулло Абдулло метавонад бошад. Алакай Карим Халил ноиби президенти пешин Ҳомид Карзай, намояндаи хазарҳо ба ӯ пайвастааст. Ҳамчунин намояндаи узбакҳо генерал Абдулрашид Дустум низ”, - тавзеҳ дод Умар Ниссор.

Ба гуфтаи Серенко 35 дар сади раъйдиҳандагон ба сарвазири дорои ақидаҳои ихтилофӣ нисбати роҳбарияти кишвар овоз хоҳанд дод.

Номзади дигар ин Набил Раҳматулло мебошад, ки ба наздики ҳама сиёсатмадорони афғонро, аз ҷумла Толибонро бо ҳам даъват карда, пешниҳод кардааст бе ёрии Амрико ва Покистон бо ҳам сулҳ кунанд.

Номзади номувофиқ

Аз ҳама вазъи номувофиқ дар интихоботҳои Афғонистон ин иштироки “Толибон” ба шумор меравад. Толибон кишвари демократиро эътироф надоранд, чунки онҳо инро мухолифи ислом мепиндоранд. Мақомоти Афғонистон бошад онҳоро ҳатто ҳамчун сиёсатмадор эътироф намекунад. Аммо роҳбарияти ҷангҷӯён ҳамеша аз интихоботҳо пайгирӣ мекунанд ва дар онҳо кушиши ширкат варзидан мекунанд.

Афганский полицейский В Кабуле за день до парламентских выборов - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Афғонистон ба таҳдидҳои гурӯҳи Толибон вокуниш нишон дод
Дар минтақаҳое, ки таҳти тасаруфи Толибон қарор доранд маъракаи интихобот барпо намешавад ва дар баъзе ҷойҳои дигар онҳо метавонанд амалҳои террористӣ анҷом диҳанд.

Аммо агар номзад барои онҳо мувофиқ бошад вазъ метавонад ранги дигар гирад. Онҳо метавонанд ҳолатҳои ташкилии онро барпо намоянд.

Ба ин собиқ қумандони муҷоҳидони Афғонистон Гулбуддин Ҳикматиёр мисол шуда метавонад. Вай “Ҳизби исломӣ” Афғонистонро роҳбарӣ мекунад.

Ҳикматиёр чӣ 30 сол пеш ва чӣ имрӯз 90% ақидаҳои тундгароӣ ва милатгароӣ (пушту)  дорад. Дар Афғонистон ӯро то ҳол “қасоби Кобул” ном мебаранд. Аз дасти ӯ дар солҳои 1992 ҳазорҳо одамони бегуноҳ ҷонашонро аз даст додаанд.

Осиёи Марказӣ аз роҳбари нави Афғонистон чӣ мехоҳад

Новобаста аз он, ки Ашраф Ғанӣ мехоҳад интихоботро бо баргузории даври якум ба анҷом расонад, аммо дигар номзадҳо инро намехоҳанд, чунки натиҷаҳои интихоботи ояндаи Афғонистон метавонанд аз ин вобаста бошанд.

Начальник Объединенного штаба Организации Договора о коллективной безопасности генерал-полковник Анатолий Сидоров - Sputnik Тоҷикистон
Сидоров: пурзӯршавии Толибон дар шимоли Афғонистон ба кишварҳои узви СПАД хатар дорад

Дар ин ҳол ҳама кишварҳои ҳамсояи Афғонистон интихоботи ин кишварро назора мекунанд, чунки вазъи он барои ҳамсоякишварҳо хусусиятҳои хосӣ худро дорад.

Бояд гуфт, ки ҳамагуна таҳаввулот ва бахусус корзори ҷиддие ба монанди интихобот дар кишвари ноороми Афғонистон, ба назари коршиносон, ҳамеша барои кишварҳои дигари минтақа ва бахусус Тоҷикистон ҳодисаи муҳим аст.

Интихоботи Афғонистон дар шароите баргузор мешавад, ки музокироти сулҳи Амрико бо Толибон қатъ ва ҳамлаву таркишҳо дар ин кишвар бештар шуд. Бо вуҷуди нооромиҳо, номзадҳо ба мақоми президентии Афғонистон бо тамоми талош ба таблиғи барномаҳои худ машғуланд ва аз ҳар шевае, ки метавонанд кор мегиранд, то дили мардумро ба даст оранд.

Ягона чизе, ки мақомоти кишварҳои Осиёи Миёна намехоҳанд, ин ба сари қудрат омадани Гулбудин аст, ки ҳеҷ аз ин кишварҳо бо майли ҳамкориро надоранд.

Лентаи хабарҳо
0