Лисин ривоҷи тирандозӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кард

© © из личного архива Мавзуна АзимоваУченики Зебинисо Рустамовой
Ученики Зебинисо Рустамовой - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Лисин, президенти Федератсияи байналмилалии варзиши тирандозӣ бо мақомдорони бахши варзиши Тоҷикистон густариши ин бахшро дар кишвар баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Лисин бо Ризо Назарзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Назарзода Ризо ва Муҳаммадшо Абдуллозода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рушди варзиши тирандозӣ баррасӣ намуданд.

Зебинисо Рустамова, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зебуниссо Рустамова: бояд варзишгарони ҷавонро дастгирӣ кард

“Қайд гардид, ки ин намуди варзиши олимпӣ дар Тоҷикистон солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ хеле рушд карда буд, ҳатто намояндаи Тоҷикистон Анатолий Тилик соли 1958 ба гирифтани унвони чемпиони ҷаҳон даст ёфтааст”, - гузориш дод Кумитаи миллии олимпӣ.

Дар идома зикр шудааст, ки баъд аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ва бо сабаби воқеаҳои сиёсӣ бисёре аз мутахассисони соҳа кишварро тарк карданд, ки боиси каме қафо мондани намуди тирандозӣ гардид.

“Айни замон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд дар 4 марказ ҷавонону наврасон ба тамрин машғуланд ва Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ намояндагӣ мекунанд. Аз ҷумла соли 2018 варзишгари ҷавону умедбахш Бежан Файзуллоев дар 3-юм Бозиҳои олимпии наврасон дар Аргентина ширкат намуда, дар ҳайати тими омехта ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд”, - иттилоъ дод Кумита.

Ҷавонон барои Ҷоизаи Зебунисо Рустамова қувваозмоӣ мекунанд

Владимир Лисин дар навбати худ иброз доштааст, ки Федератсияи байналмилалии варзиши тирандозӣ ҳамеша омода аст, ки Федератсияи тирандозии Тоҷикистонро аз лиҳози лавозимоти варзишӣ дастгирӣ кунад.

Ҷонибҳо ба хулоса омадаанд, ки марказҳои тамринро дар дигар минтақаҳо низ ташкил кунанд, то наврасону ҷавонони лаёқатмандро ба дастаи мунтахаб ҷалб намоянд. Ҳамчунин, пешниҳод шудааст, ки соли 2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Душанбе як мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ баргузор карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала