Вазир бо масъулини СММ масъалаи мубориза бо терроризмро муҳокима кард

© МИД РТМинистр иностранных дел РТ встретился с Исполнительным директором Контртеррористического комитета Совета Безопасности ООН Мишель Конинкс
Министр иностранных дел РТ встретился с Исполнительным директором Контртеррористического комитета Совета Безопасности ООН Мишель Конинкс - Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи СММ бо масъулини Созмони Миллали Муттаҳид масъалаи мубориза бо терроризмро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи СММ бо мудири иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ (CTED) Мишел Конинскс дидору гуфтугӯ кард.

Сироджиддин Мухриддин Лиу Женмин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли СММ мулоқот кард

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон,  ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону CTED-ро дар самти мубориза бо терроризм мавриди муҳокима қарор доданд.

Инчунин тарафҳо вобаста ба масъалаи таҳдидҳои замони муосир ва чолишҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон Сироҷиддин Муҳриддин бо Маъмури Барномаи Рушди СММ Ахим Штайнер мулоқот намуд.

Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ-ро мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба масъалаи роҳҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин вазири корҳои хориҷӣ Ахим Штайнерро барои иштирок дар Конфронси бахшида ба татбиқи Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор”, ки дар назар аст соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, даъват намуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала