Вазорати беҳдошти Чеченистон вазъи саломатии Рамазон Қодировро шарҳ дод

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чанде қабл дар сомонаҳои иҷтимоӣ хабари мариз шудани роҳбари Чеченистон паҳн гардид ва гуфта мешуд, ки Қодиров барои гирифтани табобат ба Маскав рафтааст

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ба вазъи солимии раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ягон хатаре таҳдид намекунад, хабар медиҳад РИА Новости аз қавли вазири беҳдошти Ҷумҳурии Чеченистон Илҳом Сулаймонов.

Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Қодиров баъди қасамёдкунии Зеленский аз ӯ сахт ранҷидааст

Сулаймонов вазири тандурустии Чеченистон мегӯяд, ки Қодиров бар асари шамолхӯрӣ андаке мариз шудаст, ва ин чиз ба саломатии ӯ хатаре намерасонад.

Намозхонӣ ва ифтори Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо Рамазон Қодиров-видео

Вазири беҳдошт пас аз он ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бобати бад будани вазъи солимии Қодиров сару садоҳо баланд шуданд, лозим донист изҳороти мазкурро паҳн кунад.

"Ман лозим шуморидам бобати вазъи саломатии Рамазон Қодиров ва овозаҳое, ки дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидаанд, изҳорот бидиҳам. Раҳбари Чеченистон танҳо аз шамолхӯрӣ мариз шудааст ва ин як бемории муқаррарӣ аст, ки дилхоҳ одам метавонад ба он гирифтор шавад", - изҳор доштаст вазири тандурустии Чеченистон.

Зимнан Сулайманов илова кард, ки дар зудтарин фурсат раҳбари Чеченистон сари ифои вазифаи худ бармегардад.

Лентаи хабарҳо
0