Маросими тӯйи Шоҳзода Ҳусайн - писари дуюми Шоҳзода Карим Оқохони IV - акс

© Facebook / TheIsmailiСвадьба Принца Хусайна и госпожи Элизабет Хог
Свадьба Принца Хусайна и госпожи Элизабет Хог  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Писари дуввуми Шоҳзода Карим Оқохони IV - Шоҳзода Ҳусайн дар шаҳри Женева бо хонум Элизабет Хог издивоҷ кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Рӯзи 29 сентябри соли 2019 дар шаҳри Женеваи Швейтсария Шоҳзода Ҳусайн, писари дуюми пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оқохони IV бо хонум Элизабет Хог хонадор шуд.

Маросими арӯсии Шоҳзода дар доираи хешу пайвандон тибқи расму русуми мусалмонӣ сурат гирифтааст, менависад  The.ismaili

"Ин барои мо воқеаи хеле хушоянд аст ва ман шодиёна Элизабетро ба хонаводаи худ истиқбол мекунам" -  гуфтааст Аълоҳазрат Оқохони IV .

© Facebook / TheIsmailiСвадьба Принца Хусайна и госпожи Элизабет Хог
Маросими тӯйи Шоҳзода Ҳусайн - писари дуюми Шоҳзода Карим Оқохони IV - акс - Sputnik Тоҷикистон
Свадьба Принца Хусайна и госпожи Элизабет Хог

Шоҳзода Ҳусайн пас аз хатми Мактаби муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Колумбия (SIPA), бо Бунёди Оқохони  IV оид ба рушд (AKDN) кор карда, бештар ба масъалаҳои фарҳангӣ ва экологӣ, инчунин дар бахшҳои паст кардани хатари офатҳои табиӣ ва идоракунии ҳолатҳои фавқулодда, фаъолият кардааст.

Шоҳзода Оқохони IV ва тарҳҳои Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ ва тарҳҳои Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон

Салавот бар Муҳаммад ва оли ӯ: истиқболи исмоилиён ва суханронии Оқохони IV -видеоҳо

Ӯ ҳамчунин муассиси созмони Focused On Nature мебошад. Ин созмон ҷонваронеро, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, ҳифз мекунад.

Элизабет Хог, ки пас аз қабули дини Ислом номи Фаринро гирифтааст, дараҷаи магистр дошта дар бахши равоншиносӣ фаъолият кардааст.

Табақу гӯшаи Ислом ва туҳфаҳои Президент: боздидҳои Алӣ Муҳаммад Оқохон дар Душанбе-акс

Ӯ дар шаҳри Ню Йорк - и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваллуд шудааст.

Шоҳзода Ҳусайн ва Элизабет Хог моҳи декабри соли гузашта, никоҳ карда буданд.

Шоҳзода Ҳусайн ва хонум Фарин 29 сентябри соли 2019 дар Женеваи Швейтсария издивоҷ карданд.

Лентаи хабарҳо
0