Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Афғонистон дар вазъияти пуршиддат доир гардид - навор

Дар Афғонистон интихоботи раёсатҷумҳурӣ анҷом ёфт, ки натиҷаи он вазъ дар сарҳад бо кишварҳои Осиёи Марказиро муайян мекунад

Алорағми таҳдид ва ҳамалоти пайдар ҳами ҷангиёни ҳаракати толибон, дар Афғонистон маъракаи интихобот анҷом ёфт. Танҳо дар рӯзи баргузории интихоботи президентӣ, ҷангиёни толибон 113 ҳамлаҳои террористиро пиёда намуданд.

Абдулла Абдулла и Мухаммед Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон
Рақобати 17 номзад барои дарёфти курсии раисҷумҳурӣ дар Афғонистон ҷараён дорад

Бояд гуфт, ки феълан баршумории овозҳои  раъйдиҳандагон дар ин кишвар идома дорад ва қарор аст, натоиҷи интихобот рӯзи 19 - уми октябр эълон шавад.

Дар кадом шароит маъракаи интихоботӣ доир ба ба чӣ мушкилот раъйдиҳандагон дучор шуданд, аз навори таҳиякарда дидан намоед.

Дуктур, ватандӯст ва ё тундгаро: раисҷумҳури нави Афғонистон кӣ мешавад

Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбе дар Афғонистон маъракаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор гардид ва барои соҳиб шудан ба курсии президентӣ, 16 номзад бо шумули раисҷумҳури феълӣ Ашраф Ғанӣ ва сарвазири ин кишвар доктор Абдулло Абдулло вориди майдони рақобат шуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала