Қотили Мустафо Наимов - узви фаъоли созмони "Авангард" дастгир шуд

© МВД РТЗадержанный убийца Наимова Мустафо
Задержанный убийца Наимова Мустафо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои дастгир намудани қотили Мастафо Наимов бо супориши Вазири умури дохилӣ Раҳимзода Рамазон гурӯҳи кормандони оперативӣ- тафтишотӣ таъсис ёфт

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ахиран қотили як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Мустафо Наимов боздошт гардид.

Бар хабари манбаъ, барои дарёфт ва дастгир намудани ҷинояткор бо супориши Вазири умури дохилӣ гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шуд.

Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон
Сокини пойтахт барои телефони арзишаш 1800 сомонӣ, ҷавони 28 соларо корд зада кушт

Манбаъ меафзояд, ки ҷинояткор Муминов Фирдавс Рустамовичи 24 - сола сокини шаҳри Душанбе мебошад.

Номбурда қаблан низ доғи судӣ дошта, се маротиба соли 2012 бо моддаи 139(ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта), соли 2014 бо моддаи 244(дуздӣ) ва соли 2016 бо моддаи 248 қисми 2 (ғоратгарӣ)- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Нисбати номбурда бо моддаҳои 248 қисми 2 ва 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки шоми 22 сентябр ҳангоми таъқиби як ҷинояткор дар шаҳри Душанбе намояндаи фаъоли ҷомиаи шаҳрвандӣ Наимов Мустафо Ҳайдарович, кушта шуд. 

Даҳшат: духтарчаро барои таҷовуз кардан то мурдан куфтанд

Зимнан, бо фармони вазири корҳои дохилӣ Мустафо Наимов барои зоҳир намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, нишон додани корнамоию мардонагӣ ва шуҷоату далерӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ пас аз маргаш бо медали "Барои далерӣ" қадрдонӣ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0