ВУХ Туркия худкушии шаҳрванди Узбакистонро дар хонаи вакил шарҳ дод

Феълан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо шоҳидони ҳодиса сӯҳбат намуда, гуфтугӯи телефонӣ ва мукотибаи электрониро таҳқиқ мекунанд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Зимнан сафорати Узбакистон дар Туркия низ қазияи худкушии шаҳрвандашро таҳти назорати ҷиддӣ қарор додааст.

Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукми Шарипов барои худкушии занаш бо 2 фарзанд

Ба маълумоти Вазорати умури хориҷии Узбакистон, ҳодисаи нохуш рӯзи 23 - юми сентябри соли равон рух додаст.

Шаҳрванди 23 - солаи Узбакистон Нодира Қодирова, ки дар хонаи вакили Ҳизби адолат ва рушт Ширин Унал кор мекардаст, даст ба худкушӣ задааст.

Даҳшат: наврасе дар вилояти Уляновск 5 узви оилаашро кушт ва сипас худкушӣ кард

Алъон омили асосии даст ба худкушӣ задани ин ҷавондухтар маълум нест ва  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо шоҳидони ҳодиса сӯҳбатҳо доир мекунанд ва ҳамзамон гуфтугӯи телефонӣ ва мукотибаи электрониро низ таҳқиқ доранд.

Ҳамчунин Додгоҳи Туркия  рӯзи 26 - уми сентябр ба таҳқиқи ҳодисаи мазкур шурӯъ намуда, марҳумро ба фоҳишагӣ муттаҳам кард, аммо дугонаи ӯ  Лайло тамоми ин иттиҳомотро рад мекунад ва иддао дорад, ки Нодира ба айби корфармои худ, аниқтараш вакили Ҳизби адолат ва рушди ин кишвар,  даст ба худкушӣ задааст.

Хушдоман барои ба худкушӣ расонидани келинаш паси панҷара рафт

Маврид ба зикр аст, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Истамбул як ҳодисаи ба ин монанд рух дода буд. Он замон ҷасади ҷавондухтари  27 - соларо бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала