Аҳсан: 9 голи беҷавоби мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозаи Молдив

© сомонаи Федератсияи футболи ТоҷикистонДастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23)
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23)  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон дар нахустин бозии худ, тими Молдивро бо ҳисоби калони 9:0 шикаст доданд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Футболбозони навраси тоҷик нахуст бозии худро дар гурӯҳи "С" бо пирӯзӣ оғоз намуданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба пеш: мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ имрӯз бо тими Молдив рақобат мекунанд

Бар хабари манбаъ, бозии мунтахаби Тоҷикистону Молдив бегоҳи дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат хоҳад кард

Бозӣ аз аввал то анҷом пурра дар дасти футболбозони тоҷик буд, ки аз фурсати муносиб истифода карда, 9 голи беҷавобро таслими дарвозаи рақиб намуданд.

Ҳамин тавр яккачини то 19 солаи кишвар бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020 байни футболбозони то 19 соларо бо ҳисоби ҳангуфт оғоз намуданд.

Истиқболи гарму самимии футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе- аксу навор

Футболбозони кишвар бозии дуюми худро санаи 4-уми октябр бар муқобили Лубнон доир мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0