Раҳмон гуфт, кай забон расман "тоҷикӣ" шуд: изҳороти Президент баъди баҳсҳо атрофи ном

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ ба муносибати рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, дар Кохи Борбад гуфт, имрӯз моро "тоҷик" ва забонамонро "тоҷикӣ" мешиносанд

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист.

Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд.

“Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи “забони тоҷикӣ” - ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид”, - таъкид кард раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон барои омода кардани мутахассисони таърихи забон, бахусус, донандагони забонҳои қадимаамон, ки имрӯз ангуштшумор мебошанд, дастур дод. Ӯ зарур хонд, ки масъулин барои омодасозии шевашиносону хатшиносон чораҷӯӣ намоянд, то ки дар асоси калимаву ибораҳои зебову шевои бостониамон нуқсу камбудиҳои забони имрӯзаамонро бартараф сохта, онро боз ҳам ғанӣ гардонем.

“Имрӯз аҳли олам моро бо номи “тоҷикон”, давлатамонро бо номи “Тоҷикистон” ва забонамонро бо номи “забони тоҷикӣ” мешиносанду эътироф мекунанд”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур, осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад.

Очередь у входа на кастинг Central Asia's Got Talent - Sputnik Тоҷикистон
“Ҷанг” бас: Алия, донандаи 8-солаи 5 забон суруди “Ҳалилуяҳ” хонд-видео

Ӯ дар идома аз қабул шудани қонун дар бораи забони давлатии Тоҷикистон зикр карда, илова намудааст, ки бар асари назорати нокифоя аз тарафи мақоми назораткунандаи татбиқи қонун талабот ва муқаррароти он аз ҷониби баъзе вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳанӯз ҳам пурра амалӣ нагардида, дар ин самт як силсила мушкилоте боқӣ мондаанд, ки бояд ҳал карда шаванд.

Раисиҷумҳур аз иҷро нашудани бархе бандҳои барномаи давлатӣ гуфта, мисол овардааст, ки таҳия ва нашри Энсиклопедияи забони тоҷикӣ, ки Вазорати фарҳанг ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик масъулони он мебошанд, то ҳол ба сомон нарасидааст.

Лентаи хабарҳо
0