Таъкиди Раҳмон аз ҳифзи забони модарӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар кишвар

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон” аз ҷавонони кишвар хост забони модариро ҳифз намоянд ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Имрӯз дар Кохи Борбад Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштирок ва суханронӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Визит Эмомали Рахмона в Кубодиёнском районе хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон миллатро ба арҷгузорӣ ба забони давлатӣ фаро хонд

Табрикоти Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш, аз нақши таърихии забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун ёдовар шуда, таъкид кард, ки забони модарии ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.

Сипосномаи раиси кумитаи забон ба вазири фарҳанг барои татбиқи забони давлатӣ

“Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст”,- таъкид намудааст раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст.

Роҳбари кишвар ворисони имрӯзу ояндаи забони тоҷикиро ба ҳифзи покизагӣ ва рушду такомули ҳамаҷонибаи он чун забони коргузории давлатӣ, фарҳанг ва илму техникаи муосир ҳидоят намуд.

Умед Джайхани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Умед Ҷайҳонӣ: забони Рӯдакиро бояд дар ниҳодҳои давлатӣ ба кор гирифт

Раисҷумҳур аз риояи қоидаю меъёрҳо ва имлои забони давлатӣ, ба хусус барои кормандони матбуоти даврӣ, радио, телевизион, муассисаҳои табъу нашр, омӯзгорону парасторони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ва ҳамчунин ба падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои татбиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон”, дар амал ҷорӣ кардани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”, инчунин таҳияи лоиҳаи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” дастуру супоришҳо дод.

Ҳамчунин раисҷумҳур таъкид намудааст, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ дар мактабҳои мамлакат бояд шароит фароҳам оварда шавад, то ки ҷавонони кишвар аз омӯхтани чанд забони хориҷӣ баҳраманд бошанд.

“Имрӯз Тоҷикистон дар доираи сиёсати хориҷии худ сиёсати “дарҳои кушода”-ро пеш гирифтааст ва бо 160 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад. Ин воқеият миёни насли оянда таблиғи забондониро талаб менамояд”, -гуфт Президенти кишвар. 

Ҷамъомади тантанавиро ба муносибати “Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон” барномаи рангини фарҳангии устодони санъат ва ҳунармандони кишвар идома дод.

Лентаи хабарҳо
0