Додситони вилояти Суғд: 137 нафар муттаҳам ба терроризм аз зиндон озод шуданд

Додситони вилояти Суғд аз озодии 137 муттаҳам ба терроризм дар ин минтақа тайи 9 моҳи соли ҷорӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ҳабибуллоҳ Воҳидов, додситони вилояти Суғд дар як нишасти матбуотӣ роҷеъ ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ниҳодҳои додситонии шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд эълон кард дар зарфи 9 моҳ 137 муттаҳам ба терроризм дар ин минтақа аз зиндон озод шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday дар истинод ба сомонаи “Тоҷ-Вик”.

Заключенные в исправительной колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Суғд беш аз 100 нафар гумонбаршудагон ба терроризм озод шуданд

Ба гуфтаи вай, ин 137 нафар ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти аҳзоб ва гурӯҳҳои террористӣ, мамнуа ва ифротие, ки шомили узвият, кумакҳои молӣ ва таблиғи афкори ин гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мешавад, таҳти пайгарди қазоӣ қарор доштанд, ки озод шудаанд.

Вай таъкид кардааст, ки теъдоде аз ин афрод муттаҳам ба мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ва ҷазби атбои Тоҷикистон ба сафи ин гурӯҳҳо буданд, ки ҳукми табрааи онон содир шудааст, аммо додситони вилояти Суғд дар бораи далоил ва авомили табрааи ин афрод тавзеҳ надодааст.

Ҳабибуллоҳ Воҳидов гуфтааст, ки тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 5 ҳазору 321 маврид ҷурму ҷиноят иттифоқ афтода, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 488 маврид бештар аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала