Ҳама ба ярмаркаи Хуҷанд: маҳсулот аз 20 то 50 дарсад арзонтар аз бозор

© Фото : МИД РТЯрмарка в Душанбе
Ярмарка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзеъи назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмаркаи фурӯши маҳсулоти арзон ба роҳ монда аст

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Cубҳи имруз бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти вилояти Суғд ва Мақомоти шаҳри Хуҷанд дар мавзеъи назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка фурӯши фаровони маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва саноат сурат гирифт.

Дар ин борад дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар додааст.

Намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Маҳсулоти арзон: дар Хуҷанд бахшида ба моҳи Рамазон ярмарка баргузор шуд

Бино бар иттилои манбаъ, ярмаркаи мазкур барои ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум ва захиранамоии маводи озуқа дар фасли тирамоҳу зимистон ташкил карда шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ярмарка таъкид намуд, ки пайваста ташкил намудани чунин ярмаркаҳо барои мардум имкон медиҳад маҳсулоти ниёзи аввалияро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.

Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд нархи маҳсулоти пешниҳодшуда нисбат ба бозор аз 20-50 дарсад арзонтар будаааст.

“Масалан нархи як кило гӯшти гов 40 сомонӣ, пиёз 1 сомонию 10 дирам, сабзӣ 2 сомонӣ, шалғам ва турб 1 сомонию 50 дирам, картошка 1-1 сомонию 50 дирам, биринҷ 8 сомонию 50 дирам, себ 4 сомонӣ, анор 5 сомонӣ, шакар 6 сомонӣ, намак 75 дирам, набот 8, асал 20, як дона тарбуз 1 сомонӣ,як адад зарф равғани 4, 5 литра 48 сомонӣ, сомонӣ арзиш доштанд. Як халтаи орди 50 килоиро бо арзиши 175 сомонӣ мефурӯхтанд. Маҷмуъан кишоварзони вилоят беш аз 60 тонна маҳсулотро ба харидоронро пешниҳод намуданд”, - таъкид дошт манбаъ.

Манбаъ қайд намудааст, ки фардо, санаи 6 октябри соли 2019 низ ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ дар мавзеъи майдони театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала