Маҳс бо нахуд ва лубӣ: киҳо ва чигуна дар муассисаи "Чорбоғ" табобат мешаванд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаКабинет физиотерапии в новом санатории в Кулябе
Кабинет физиотерапии в новом санатории в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қосимов Маҳмадулло, мудири Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар бораи усулҳои нави табобат ва фаъолияти муассиса нақл кард

Душанбе, 6 окт — Sputnik. Бо мақсади ба тавонбахшӣ фаро гирифтани маъюбон дар кишвар муассисаҳои зиёде фаъолият менамоянд, ки яке аз онҳо Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб” мебошад.

Хабарнигори Вазорати тандурустии Тоҷикистон Хусрам Шоҳсаидов дар робита ба масъалаҳои ба тавонбахшӣ фаро гирифтани кӯдакон ва дигар паҳлӯҳои масъалаи мазкур бо Қосимов Маҳмадулло, мудири Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” суҳбат кардааст, ки онро пешкашатон мегардонем:

–Дар бораи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ”дар ноҳияи Варзоб” каме маълумот медодед?

Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шодихон Ҷамшед: "Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбон таваҷҷуҳи зиёд дорад"

–Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ”  дар ноҳияи Варзоб”  муассисаи иҷтимоӣ буда, аз 3 бино иборат аст. Дар бинои якум ва дуюми он кӯдакони будубоши доимӣ нигоҳубин карда мешаванд, ки аз 200 нафар иборат мебошанд.

Бинои сеюм бошад, бинои тавонбахшӣ унвон дошта, дар он ба 30 нафар кӯдаки маъюб бо парастории модаронашон дар 17 бахш  510 нафар бо  роҳхатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давоми сол  аз  тавонбахшӣ гузаронида мешаванд. Боиси қайд аст, ки ба шӯъбаи тавонбахшӣ эҳтиёҷмандон аз ҳама гӯшаву канори кишварамон ташриф меоранд.

Барои беҳтар намудани шароити бошандагони доимӣ ва шӯъбаи тавонбахшӣ ҳамасола маъмурияти муассиса бо  дигар ташкилоту муассисаҳо, шахсони хайрхоҳ барои таъмири роҳравҳо, ҳуҷраҳои хоб, утоқҳои кории тавонбахшӣ, ҳуҷраҳои санитарӣ, таъмири нишастгоҳҳои беруна, ҷойҳои бозии кӯдакон ҳамкорӣ намуда, бо дастгирии онҳо асбобу ҷиҳоз ва лавозимотҳо дубора таъмиру барқарор гардида, мавриди истифода қарор  дода мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки бехатарии санитарӣ ва амнияти бошандагони доимӣ ва модарону кӯдакон самти асосии фаъолияти роҳбарият ва кормандони муассиса ба шумор меравад. Барои бехатарии саломатии бошандагон аз тарафи кормандон ҳамарӯза корҳои санитарӣ, безараргардонӣ ва тозагии куллӣ гузаронида мешаванд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки аз тарафи роҳбарият ва кормандони муассиса  ба кӯдакон тамоми  шароит барои  зиндагии  арзанда  фароҳам оварда шудааст.

– Мехоҳем бидонем, ки дар муассисаи мазкур кадом намудҳои тавонбахшӣ ба кӯдакони  маъюб расонида  мешаванд?

Линейный парк Seoullo 7017 в Сеуле, Южная Корея - Sputnik Тоҷикистон
Мавлуда Давлатмамадова - бонуи ихтироъкори тоҷик, ки аз Сеул ду медали тилло овард

-Албатта, ба тавонбахшии маъюбон фаро гирифтани кӯдакон яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб” ба шумор меравад. Дар ин раванд  аз ҷониби  мутахассисони ботаҷрибаи муассиса  17 намудҳои гуногуни тавонбахшӣ ба  кӯдакони  маъюб  расонида  мешаванд.  Аз он ҷумла;

  • масҳи  умумии  бадан;
  • барқдармонӣ;
  • парафин;
  • муолиҷа бо воситаи ҳаракат;
  • табобати ҷисмонӣ бо воситаи  об;
  • табобати ҷисмонӣ ба воситаи мусиқӣ ва рақс;
  • кор бо хамир,  расмкашӣ;
  • табобати мутахассис оид ба нутқ барои мустаҳкам кардан ва дуруст   равона  кардани  нутқ;
  • маҳс бо нахуд ва лубӣ -(арттерапия);
  • сенсорикӣ;
  • табобат ба воситаи машқҳои ҷисмонӣ;
  • дарсгузаронӣ;
  • кор  бо  волидайн – гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, тренинг, семинарҳои омӯзишӣ оид  ба  масъалаҳои  тавонбахшӣ;
  • девори шведӣ;
  • мусиқидармонӣ;
  • кордармонӣ;
  • гиёҳдармонӣ;

–Айни замон дар самти тавонбахшии  маъюбон дар  Муассисаи давлатии “Маркази миллиитавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб”,

кадом корҳо ба анҷом расонида шуда истодаанд?

–Роҳбарияти муассисаи мазкур ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани «Барномаи миллии тавонбахшии  маъюбон барои солҳои 2017-2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2016, №455 тасдиқ шудааст, нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, айни ҳол баҳри дар амал татбиқ намудани он тадбирҳои  судманд андешида шуда истодаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки соли ҷорӣ дар шӯъбаи тавонбахшии муассиса  бо пешниҳоди  мутахассисон ва дастгирии роҳбарияти муассиса намуди нави тавонбахшӣ бо номи “Мусиқидармонӣ”  ҷорӣ карда шуд. Ин намуди табобат  барои бедор намудани ҳиссиёти дастон ва мушакҳои он, инкишофи  ақлонӣ  ва  беҳтар намудани  ҳаракатҳои  хурд   фоидаовар  мебошад. Инчунин, дар нақша аст, ки то охири сол  намуди инноватсионии  “Иппотерапия”  (муолиҷа  тавассути  асп)  дар муассиса ба  роҳ  монда  шавад.

Исследовательница Мавлуда Давлатмамадова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонуи ихтироъкори тоҷик: моро ба озмоишгоҳҳо роҳ намедоданд

Роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб” кӯшиш менамояд, ки дар оянда низ омӯзиши комёбиҳои илмии ҷаҳониро дар соҳаи марбут ба тавонбахшии маъюбон мавриди таҳлил қарор дода, рушд ва сифати хизматрасониро  ба кӯдакони  имконияташон  маҳдуд боз ҳам  беҳтар  намояд.

–Мегуфтед, ки чӣ гуна кӯдакони маъюб ба муассисаи мазкур қабул  карда мешаванд?

-Тибқи Оинномаи муассиса, ки бо Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 2 июли соли 2014, № 448 тасдиқ  гардидааст, ба муассиса кӯдакони маъюби аз ҷиҳати ақлонӣ ва ҷисмонӣ  носолим  (кӯдакони маъюби ноқисулақл)  қабул карда шуда, дар баробари будубоши доимӣ ва муваққатӣ, волидайнашон  низ метавонанд дар бахши статсионарии марказ барои тавонбахшии кӯдакони маъюбашон маслиҳатҳои  методию  таълимӣ бигиранд.

Мувофиқи тартиби амалкунанда кӯдакони маъюб ба муассиса тибқи роҳхатҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қабул карда мешаванд.

–Дар байни бошандагони  Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб”чӣ гуна нақша–чорабиниҳо дар назар  гирифта шудааст?

Финал конкурса красоты среди девушек-колясочниц Рожденная побеждать! - Sputnik Тоҷикистон
Рақси тоҷикдухтари маъюб дар озмуни зебоӣ дар Русия - видео

-Қобизи зикр аст, ки ҷашну идҳои миллӣ бо иштироки бошандагони муассиса дар сатҳи баланд таҷлил карда мешаванд. Гуфтан ба маврид аст, ки муассиса бо ҳунармандони Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ҳамкории  зич  дошта, дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ки дар сатҳи муассиса баргузор мегарданд,  ҳунармандон ва гурӯҳҳои рақсӣ иштирок намуда, баҳри болидарӯҳии кӯдакон ҳунарнамоӣ менамоянд. Инчунин, аз ҷониби гурӯҳи ҳаваскорони муассиса ба кӯдакон мунтазам барномаҳои консертӣ пешниҳод карда мешавад. Дар барномаҳои консертӣ модарони кӯдакон  низ бо майлу рағбати зиёд иштирок намуда, баҳри тифлакони худ суруду саҳначаҳо  пешкаш  менамоянд. Ҳамчунин, бошандагони муассиса  мунтазам барои  тамошо  ва сайру гашт  ба боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт мераванд.

Бояд қайд кард, ки тибқи нақша-чорабиниҳо кӯдакони муассиса бо мураббияҳои хеш дар мусобиқаҳои махсусгардонидашуда иштирок намуда, сазовори  ҷойҳои 1-ум, 2-юм, 3- юм   ва  туҳфаҳои  хотиравӣ   гардидаанд.

Дар шаҳри Душанбе баргузории Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ 

ва тавонбахшии маъюбон дар назар аст. Интизориҳои шумо аз форуми мазкур…

–Усулҳои  амалии аз ҷиҳати илмӣ асосноки тавонбахшӣ, ки дар сатҳи  байналмилалӣ самаранок эътироф шудаанд, боварӣ дорем, ки барои   беҳтар намудани маҷмӯи хизматрасониҳои тавонбахшии  маъюбон дар кишвар аз ҷониби иштирокчиёни Форум пешниҳод мегарданд. Мутахассисони  соҳаи  ҳифзи  иҷтимоии кишвар  бояд ин таҷрибаҳоро  барои  дар  амал  тадбиқ  намудан  азхуд намуда, инчунин онҳоро дар таҳияи  лоиҳаи “Барномаи миллии тавонбахшии  маъюбон барои солҳои 2017-2020” ворид намоянд.

Лентаи хабарҳо
0