Раиси вилоят ба 3 хонандаи медалдори Хатлон 30 ҳазор сомонӣ дод

© Госкомитет по земельному управлению РТХакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Хатлон мегӯяд, бори аввал тайи ҳафт соли охир дар вилоят 3 хонандаи болаёқати муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Муъминобод ба аттестати аълои равиявӣ ва медали тилло сарфароз гардиданд

ДУШАНБЕ, 6 окт - Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон қарор кардааст, ки барои дастовардҳои шоён дар таҳсил ва бо аттестати аълои равиявӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва медали тилло хатм кардани муассисаи таълимӣ дар соли 2019 се хонанда бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шаванд.

“Ба хатмкардаи литсейи давлатии №1-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Фурқат Давлатмуродзод ва хатмкардаҳои гимназияи давлатии "Боғи Ҳабиб"-и ноҳияи Муъминобод - Аниса Сатторова ва Рамзия Саъдуллоева мукофоти пулӣ ба андозаи 10 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 30 ҳазор сомонӣ, тақдим гардид”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ин ҷоизаҳои пулиро ба дарёфткунандагон муовини раиси вилоят Мағфират Хидирзода дар вазъи тантанавӣ супорид.

Олимпийский чемпион Дилшод Назаров - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистониён ба хотири дастгирӣ аз Дилшод Назаров садо баланд намуданд

Инчунин, директорони литсейи давлатии №1-и ноҳияи Ҳамадонӣ Абдулҳафиз Мисралиев ва гимназияи давлатии “Боғи Ҳабиб”-и ноҳияи Муъминобод Ҳабиб Қурбонов бо мукофоти ҳавасмандсозӣ ба маблағи се ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳукумати Хатлон зикр намудааст, ки  бо қарори раиси вилоят аз 4 сентябри соли 2019, минбаъд ҳар сол ба кормандони соҳаи маориф, ки 5 соли охир дар муассисаҳои соҳаи маориф ва таҳсилоти умумии вилоят фаъолият намуда, ба дараҷаҳои илмии доктори илм ва номзади илмҳо сазовор мегарданд, мукофотпулӣ дода хоҳад шуд.

Ҳаҷми мукофотпулӣ барои дифои рисолаи номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 10 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0