Дастурдиҳандагони пойгоҳи 201-уми Русия ба 500 низомии тоҷик курси омӯзиши гузарониданд

© © Пресс-служба ЦВОРоссийские инструкторы обучили около 500 военнослужащих армии Таджикистана
Российские инструкторы обучили около 500 военнослужащих армии Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Дастурдиҳандагони рус ба 500 низомии тоҷик дарсҳои омӯзиши гузаронида, қисмати назариявии ин курс дар ҳудуди Маркази омӯзишии Тоҷикистон ва қисмати амалияш дар машқгоҳи Лоҳур ва Самбул баргузор шудаанд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дастурдиҳандагони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон омӯзиши 500 мутахасиси низомии хӯрдро барои артиши Тоҷикистон ба анҷом расониданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Ҳавзаи низомии марказӣ.

“Омӯзиш се моҳ давом кард. Қисмати назариявии ин курс дар ҳудуди Маркази омӯзишии Тоҷикистон амалиӣ шуда, қисмати амалияш дар машқгоҳи Лоҳур ва Самбул бо истифода аз техникаҳои ҳарбии Русия баргузор шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

В 201 РВБ на 9 мая провели праздничный концерт и Бессмертный полк - Sputnik Тоҷикистон
Низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо гузашти низомӣ Рӯзи Ғалабаро таҷлил намуданд

Низомиёни рус ҳарбиёнро аз рӯи касбҳои гуногун ба монанди механик-ронандаи танк Т-72 ва мошинҳои ҷангии хушкигард БМП-2, нишонгири фаврӣ, нишонгирҳои БТР-80, кашоффӣ, алоқачӣ, гранатометчӣ, ва ронандагони силоҳҳои худрав 2С1 “Гвоздика” таёр мекунанд.

Дар хотимаи курси омӯзиши хизматчиёни артиши Тоҷикистон имтиҳон супурда, маҳорати тирпаронияшонро тариқи мошинҳои ҷангӣ, силоҳҳои тирпаронӣ ва гранатамиётҳо санҷидаанд, шарҳ додааст Ҳавзаи низомии марказӣ.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди хушкигарди ин кишвар дар берун аз қаламрави он ба ҳисоб рафта, беш аз 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷой гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала