ДУШАНБЕ, 9 окт – Sputnik. Бино ба иттилои котиботи президенти Русия, Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико ва Владимир Зеленский президенти Украина ҳамтои руси худ Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик нагуфтанд.
Владимир Путин рӯзи 7 октябр 67-сола шуд. Вай зодрӯзашро бо сайёҳат дар тайгаи Сибир ҳамроҳ бо вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу таҷлил кардааст.
Зимнан бояд гуфт, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи зодрӯзи ҳамтои русаш Владимир Путин ба унвони ӯ ҳам барқияи табрикотӣ равон намуда ва ҳам тариқи телефон суҳбати дӯстона ороста буд.
Гузашта аз ин солрӯзи Путинро сокинони шаҳри Лос-Анжелес ба таври ғайриоддӣ ҷашн гирифтанд. Ҳавопаймои хурд акси бузурги Владимир Путинро бо зерхати #VVP67 дар фазои Ҳолливуд алвонҷ додааст.
Зодрӯзи Путин: гашту гузори президент бо Шойгу дар ҷангал - видео
Дар Ҷумҳурии Туваи Русия бошад 200 мактабхон дар соҳили дарёи Енисей даст ба дасти ҳам дода, калимаҳои зиндаи Путин-дил-Туваро сохта ва ба ин тартиб муҳаббати худро нисбати раиси ҷумҳури Русия иброз доштаанд.