Изи 82-сантиметрии пойи динозаврҳо пайдо шуд

CC0 / Pixabay / 3D иллюстрация древних динозавров, архивное фото
3D иллюстрация древних динозавров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Чин пайи пойҳои динозаврҳо пайдо кардаанд, ки ба 100 соли пеш мансуб буда, то беш аз 80 сантиметр дарозӣ доранд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Деринашиносон дар шаҳри Лансии устони Чжесзяни Чин 20-то ради пойи сангшудаи динозаврҳоро кашф намуданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Туристы в горной местности, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пайи динозаврҳо дар шаҳри Турсунзода: хатсайри нави сайёҳӣ

Бино ба иттилоъи хабаргузории Silkroadnews ба нақл аз хабаргузории Синхуа, ради пойҳои динозаврҳо аз 22,7 то 82 сантиметр мебошанд.

Син Лида, номзади улуми Донишгоҳи заминшиносии Чин гуфт, ки динозаврҳое, ки ин ради пойҳоро гузоштанд, ҷуссаашон аз 3,8 то 14 метр будааст.

Сабрина Зуҳурова дар бораи хонадоршавӣ ва "тарк" - и озмунҳои зебоӣ гуфт

Гуфта мешавад, ки ради пойҳо ҳудуди 100 миллион сол пеш, дар Даври бӯр гузошта шудааст. Ради пойҳои динозаврҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин минтақа дар замонҳои қадимтарин бо табиъати сарватманду захоири обаш макони динозаврҳои чаҳорпои растанихӯр будааст.

Дар ҳоли ҳозир деринашиносон бо ҳукумати маҳаллӣ барои ҳифзи ради пойҳо кор мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0