Шикаст: мунтахаби Ҷопон тими миллии Тоҷикистонро мағлуб кард

© Стас ЭтвешФутбольный мячь на поле, архивное фото
Футбольный мячь на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби Ҷопон тими милии Тоҷикистонро бо ҳисоби калон мағлуб кард. Бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба манфиати Ҷопон анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Мунтахаби Ҷопон тими милии Тоҷикистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. 

Бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷопон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ду голро аз ҳайати Ҷопон ҳамлагар Такуми Минамино (53,56) ба нишон расонид ва як голи дигарро ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон Асано Такума ворид кард.

Фарзона Ақназарова - Sputnik Тоҷикистон
Гурдофариди тоҷик: дар Тоҷикистон ояндае барои футболи занона надидам

Ҳамин тавр, пас аз даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" дастаи Тоҷикистон бо 6 имтиёз ҷои сеюмро ишғол мекунад.

Қаблан, мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" дастаҳои Қирғизистон ва Муғулистонро бо ҳисоби якхелаи 1 : 0 мағлуб намуда буд. 

Мусовӣ: анҷоми қисми аввали бозии Тоҷикистон ва Ҷопон

Ногуфта намонад, ки барои иштирок дар бозии мунтахаби кишвар бо тими миллии Ҷопон 12 ҳазор чипта фурӯхта шудааст.

Хариди 12 ҳазор чипта ба бозии тимҳои Тоҷикистону Ҷопон: нарх – 20 сомонӣ

Бозии даври чаҳоруми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи F байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷопон дар ҳолест, ки корбарони тоҷикистонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи густурдаи чиптахариро роҳандозӣ карда буданд ва дастаҷамъона дар варзишгоҳ аз тими миллӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯйхати футболбозони Испания, ки бо наврасони тоҷик рақобат мекунанд

Дар даври навбатӣ, ки 14 ноябр  баргузор мегардад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Мянма бозӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала