Мунтахаби кишвар кай ба чемпионати Осиё роҳ меёбад? Шарҳи коршинос аз вазъи футболи тоҷик

© пресс-служба ФФТЮношеская сборная Таджикистана по футболу
Юношеская сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран дастаҳои мунтахаби футболи наврасони то 16-сола ва ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Ин дастаҳо бо раҳбарии сармураббиён Аҳлиддин Турдиев ва Зайниддин Раҳимов ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Футбол дар Тоҷикистон як намуди сермухлистарини варзиш ба ҳисоб меравад ва дар байни аҳолии кишвар маҳбубияти зиёд касб намудааст.

Замоне буд дар таърихи футболи Тоҷикистон дастаи “Помир”-и Душанбе дар зеҳни мухлисон давр мезад ва онҳо аз пирӯзиҳои ин даста бар дастаҳои қавии Иттиҳоди Шӯравӣ, ба монанди “Спартак”-и Маскав, ифтихор мекарданд.

Ҳамон замон футболбозони тоҷик, ба монанди Мӯҳсин Муҳаммадиев, Рашид Раҳимов, Ҳаким Фузайлов, Вазген Манасян, Александр Азимов, Олег Ширинбеков ва ғайра дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур шуда буданд.

То ҳоло навори таърихии шикасти дастаи “Спартак”-и Маскавро аз “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 1:5 дар интернет дидан мумкин аст.

Дар замони Шӯравӣ футболи тоҷик дар сатҳи баланд қарор дошт ва охири солҳои 80-уми қарни XX “Помир” танҳо дастае аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки дар чемпионати СССР дар Лигаи олӣ бозӣ мекард.

Аммо ҳоло дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ё бошгоҳҳои қаҳрамони кишвар дар мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ ба дастовардҳои чашмгире ноил нашудаанд.

Бидуни шак сабаби аслӣ дар фурӯпошии Итиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аксари футболбозони “Помир” ба дастаҳои Русия рафтанд. Инчунин, ҷанги шаҳрвандӣ бӯҳрони шадиди иқтисодиро дар пай дошт, ки футболбозони Тоҷикистон ба мушкилоти моливу иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Ин вазъ миёни футболи тоҷикро шикаст. Аксари футболбозону мараббиёни саршинос Тоҷикистонро тарк карданд, мактабҳои варзишӣ барои омода кардани футболбозони наврас аз фаъолият бозмонданд.

Футбольный мячь на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шикаст: мунтахаби Ҷопон тими миллии Тоҷикистонро мағлуб кард

Аммо солҳои ахир мақомоти Тоҷикистон ба рушди футболи Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон, ки қаблан худаш ба футболбозӣ машғул буд, ҳафт соли ахир вазифаи раиси Федератсияи футболи кишварро ба зимма дорад. Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, ки бо сарпарастии ӯ таъсис ёфтааст, қаҳрамони ҳашткаратаи Тоҷикистон мебошад.

Аммо чаро пирӯзиҳо дар арсаи байналмилалӣ нест?

Нарзулло Латипов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон сабабҳои асосии нокомии дастаи мунтахаби миллии футболи кишварро шарҳ дод.

Ба гуфтаи вай, футболи тоҷикро наметавон аз рӯи дастовардҳои наврасону ҷавонон баҳогузорӣ кард, чун ин як таҳкурсиест барои футболи ҳирфаӣ ва мунтахаби миллии кишвар.

Вай таъкид кард, мутаасифона, мунтахаби Тоҷикистон ягона дастае аз миёни кишварҳои Осиёи Марказист, ки ягон маротиба дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё иштирок накардааст.

“Дастаҳои мунтахаби Узбекистону Туркманистон борҳо ва Қирғизистон ҳам як маротиба ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ пайдо кардаанд. Вале мунтахаби Тоҷикистон ҳарчанд солиёни зиёд кӯшиш менамояд, ки ба қисми ниҳоии чемпионати Осиё роҳхат бигирад, муваффақ намешавад. Зимнан, Федератсияи футболи Тоҷикистон алъон ба рушди футболи кӯдакону наврасон ва ҷавонон бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунад ва натиҷаҳои хуб ҳам ба даст овардааст. Вале дастаҳои наврасону ҷавононро наметавон ҳирфаӣ ном бурд”, - мегӯяд коршинос.

Футбол. РФПЛ. Матч Локомотив - Терек - Sputnik Тоҷикистон
Кумаки давлат ва рақобати дохилӣ лозим: Раҳимов дар бораи мушкилоти футбол дар Тоҷикистон

Чанд мушкилоти футболи тоҷик

Нарзулло Латипов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, аз чанд мушкилоти футболи тоҷик ёдовар шуд.

Ба гуфтаи вай, аввалин мушкилоти муҳим ин дар сатҳи паст қарор доштани чемпионати Тоҷикистон аст. Рақобат барои унвони қаҳрамонӣ он қадар пуршиддату шавқангез сурат намегирад. Барои мисол дар чемпионати Тоҷикистон шаш соли ахир танҳо як даста, “Истиқлол”, ғолиб мешавад. Рақобатпазирӣ дар мусобиқот гум шудааст.

Масъалаи дигар дар он аст, ки бояд футболбозони ҳирфаии Тоҷикистон аз таҷоруби хуби байналмилалӣ бархӯрдор бошанд. Онҳо бояд легионер шаванд, яъне дар дастаҳои мухталифи ҷаҳон ва бошгоҳҳои пурқувват бозӣ кунанд ва таҷриба хуб касб намоянд.

Барои мисол солҳои пеш ҳамин гуна таҷриба буд. Бошгоҳҳои Украина, Беларус ва Узбекистон ба футболбозони тоҷик таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекарданд. Аммо, мутаассифона дар чанд соли ахир ин таҷриба низ аз байн рафтааст.

Рустам Эмомали провел рабочую встречу с президентом Японской футбольной Ассоциации - Sputnik Тоҷикистон
Миннатдории Козо Ташима Президенти Ассотсиатсияи футболи Ҷопон аз Рустами Эмомалӣ

“Ҳоло чанд нафар футболбозони тоҷик дар Индонезияву Малайзия, Булғористон ва Узбекистон бозӣ мекунанд. Аммо мо наметавонем бигӯем, сатҳи он дастаҳое, ки футболбозони мо дар хориҷ бозӣ мекунанд, баланд аст. Барои ҳамин Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз легионерҳои пурқуввати сатҳи байналмилалӣ бархӯрдор нест. Ҳатто дастаи Афғонистон имрӯз дорои футболбозони пурқувватест, ки дар дастаҳои аврупоӣ бозӣ мекунанд”, - гуфт Нарзулло Латипов.

Масъалаи дигар, ки ба гуфтаи коршинос барои рушди футболи ҳирфаии тоҷик муҳим аст, ин чигунагии вазъи майдонҳост.

Футболи касбӣ маблағи зиёдро талаб мекунад. Новобаста аз он ки ҳоло ба рушди футбол маблағи зиёд равона мешавад ва дар кишвар варзишгоҳҳои зиёд сохта мешаванд, аммо чамани ин майдонҳо, аслан сунъист.

“Дар кишварҳои олам дастаҳои пурқудрат дар рӯи чамани табиӣ бозӣ мекунанд. Дар замони Шӯравӣ ҳам майдони стадиони ба номи Фрунзе чамани табиӣ дошт ва яке аз беҳтаринҳо маҳсуб мешуд. Ҳоло бошад, майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ чамани сунъӣ дорад ва дастаҳое, ки ба Тоҷикистон барои бозӣ меоянд, аз ин чиз ҳамеша шикоят мекунанд. Зеро онҳо барои бозӣ кардан дар чунин шароит одат накардаанд», - иброз дошт коршинос.

Масъалаи дигаре, ки ба рушди футболи ҳирфаӣ дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунад, ин масъалаи мураббиён аст.

Ифтитоҳи осорхонаи Назруллоҳи Латиф дар Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи осорхонаи таърихи варзиши тоҷик дар манзили зисти шореҳи шинохтаи кишвар

Нарзулло Латипов гуфт, сармураббиёни дастаи мунтахабии миллии Тоҷикистон зуд-зуд иваз мешаванд. Масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон аз сармураббӣ дар муддати кӯтоҳ натиҷаҳои баландро талаб мекунанд. Аммо барои ба натиҷаи дилхоҳ расидан, сармураббӣ бояд ҳадди аққал 3-4 сол бо дастаи мунтахаб кор кунад.

Вале ба назари коршинос даъват намудани мураббиёни машҳуру пуртаҷриба ба Тоҷикистон ба маблағ бастагӣ дорад, чунки онҳо барои корашон миллионҳо доллар мехоҳанд. Тоҷикистон, албатта ин имкониятро надорад. Барои ҳамин Тоҷикистон ба мураббиёни дохилӣ ё мураббиёне, ки аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ меоянд, қаноат мекунад.

“Даъвати мураббиёни номдору пурқувват вобаста ба вазъи молӣ аст. Кишварҳои пурқудрат мураббиёни маъруфро бо миллионҳо доллар даъват мекунанд. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир барои даъвати мураббии шинохта имконияти молӣ надорад. Тарафи дигари масъала ин аст, ки мураббиёни номдор ба аъзои даста таваҷҷуҳ мекунанд. Мебинанд, ки ин даста ситора ва футболбозони пурқувват дорад ё не. Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бозигарони номдор надорад. Онҳоеро, ки ҳоло дар дастаи мунтахаби миллӣ бозӣ мекунанд, фақат дар дохил мешиносанд, вале онҳо берун аз Тоҷикистон шуҳрат пайдо накардаанд”, - гуфт Нарзулло Латипов.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон феълан барои роҳ ёфтан ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 талош дорад. Мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар гурӯҳи F дар ду бозӣ бар дастаҳои Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуда, аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шудааст ва бо 6 имтиёз дар ҷадвал баъди дастаҳои Ҷопону Қирғизистон дар ҷойи севум қарор дорад.

Бохти футболбозони тоҷик дар бозии даври чаҳорум рӯзи 15-уми октябр дар Варзишгоҳии марказии Душанбе аз мунтахаби Ҷопон аз он шаҳодат медиҳад, ки мунтахаби Тоҷикистон ҳанӯз қодир нест бо дастаҳои пурқуввату пуртаҷрибаи қораи Осиё сазовор бозӣ карда, муқобилияти сахт нишон бидиҳад.

Лентаи хабарҳо
0