Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар водии Ғунд мактаб месозад

© Sputnik / Амир ИсаевСтроительство аквапарка в Варзобе
Строительство аквапарка в Варзобе - Sputnik Тоҷикистон
Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз майдони сохтмони мактаби миёна дар деҳаи Сипинзи ҷамоати Сучони водии Ғунд боздид кард

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, мактаби миёнаи асосии №17-и деҳаи Сипинз, аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ гардида, сохтмони онро ширкати “Бозиқалъа” анҷом медиҳад.

Дидори Файзов бо мудири иҷроияи ДОМ дар Хоруғ Музаффар Ҷорубов - Sputnik Тоҷикистон
Мудири иҷроияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ ба Ёдгор Файзов гузориш дод

Ҳамчунин Қосим Роҳбар аз корхонаи мурғпарварии навташкили деҳаи Рожи ҷамоати деҳоти Сучон дидан кардааст.

“Маълум шуд, ки мурғпарвар Тавалло Маҳмадбеков корашро аз 20 мурғ оғоз намуда, феълан шумораи мурғҳоро дар корхонааш ба 2000 расонидааст ва ният дорад, ки дар оянда аз ҳисоби қарзҳои грантӣ як ферма барои 30 000 мурғ сохта ба истифода диҳад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки соҳибкори маҳаллӣ Қароқул Соҳибқулов дар деҳаи Бидурди ҷамоати Сучон терминали мусофирбарӣ сохтааст, ки соҳиби даҳ автомашинаи  тамғаи спринтер мебошад. Ба Қосим Роҳбар иттилоъ додаанд, ки минбаъд дар паҳлуи терминал сохтмони як ҳавзи моҳипарварӣ дар назар аст.

Қоимдодов: Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Данғара, Кӯлоб ва Бохтар фаъол мешавад

Кумитаи рушди маҳал иттилоъ дод, ки Қосим Роҳбар аз натиҷаи кори бунёдкорон дар Шуғнон қаноатманд гардида, барои пешрафти минбаъдаи онҳо маслиҳатҳои муфид дод.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала