"Санги мазорам" : аз марги Кароматуллоҳи Қурбон 27 сол гузашт

© Фото : Youtube / Исматилло РахмоновПевец Кароматулло Курбонов, архивное фото
Певец Кароматулло Курбонов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 18 октябри соли 2019 аз қатли сароянда ва бастакори номии тоҷик, шодравон Кароматуллоҳи Қурбон 27 сол сипарӣ мегардад

27 соли пеш, 18-уми октябри соли 1992, Кароматуллоҳи Қурбон барои ширкат дар тӯйи арӯсӣ ба Ёвон рафт. Базми гарму зебое, ки то соати 16:00 рӯз давом кард, бо фоҷиаи мудҳиш анҷом ёфт.

Саши Заифи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Саши Заифӣ: "Наргис Бандишоева дурахшонтарин ситораи эстрадаи тоҷик буд"

Кароматуллоҳ яке аз қурбониёни Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон шуд. Ӯ аз дасти Қумандон Восит дар ноҳияи Ёвон ба қатл расонида мешавад.

Зиндагиномаи Кароматуллоҳи Қурбон

Кароматулло Қурбонов 29 ноябри соли 1961 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Кароматуллоҳ аз хурдӣ ба мусиқӣ шавқу ҳавас дошт. Ӯ нахустин сурудҳои худро дар овони мактабӣ суруда буд.  Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба шӯъбаи "мусиқӣ ва суруд" дохил гардида онро бо мувафаққият хатм намуд.

Роҳи эҷодии Кароматуллоҳи Қурбон

Эҷодиёти Кароматуллоҳи Қурбон аз дастаи ҳунарии "Суғдиён" бо овозхони ҷавон Исматулло Холов ибтидо гирифтааст.

Баъди пайдо намудани шӯҳрат, ӯро ба оркестри эстрадии "Гулшан" - и  назди Телевизиони Тоҷикистон даъват намуданд.

Шоир Ҳабибулло Нозирӣ дар хотироташ мегуяд, ки сурудҳои "Шаҳри боронӣ", "Андак-андак", "Рақс бикун", "Зиндагӣ", "Бишнав, ки аз бунёди ман…" (ҳамагӣ 17 суруд) дар иҷрои Кароматуллоҳи Қурбон маҳсули эҷоди якҷояи онҳост.

Ҳунарнамоиҳои Кароматулло Қурбонов дар телевизиону радиоҳои ватанӣ бисёр намоён буд ва мардум сурудҳои ин санъаткорро бо ишқу муҳаббати беандоза гӯш мекарданд.

Ӯ дар баробари забони тоҷикӣ ба забонҳои русиву ҳиндӣ низ бо эҳсосоти пур аз муҳаббат месароид.

Кароматуллоҳ ба баъзе давлатҳои дунё, аз ҷумла кишварҳои шарқи наздик, кишварҳои собиқ шӯравӣ сафарҳои ҳунарӣ низ анҷом дода, шӯҳрати санъати тоҷикро боло бардошт.

Кароматулло Қурбонов тавонист тӯли умри кӯтоҳаш беш аз 7 албоми сурудҳои худро сабт намояд, ки аз 76 тарона иборат мебошанд.

Сурудҳои "Лаъли лабони ман биё", "Турки камонабрӯ", "Санги мазорам" аз ҷумлаи беҳтарин сурудҳои ҳофиз буда, солҳост, ки дар забону дили мардум боқӣ мондаанд ва худи Кароматуллоҳро ниҳоят шӯҳратманд кардаанд.

Сурудҳои Кароматулло ба мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, модар, Ватан ва васфи зиндагӣ бахшида шудаанд. Ҳамаи 76 суруди Кароматуллоҳи Қурбон хубу беҳтарин ва бомазмуну рӯҳнавозанд.

Сурудҳои "Борони баҳор", "Ман агар мастам", "Ту ҳам ёде бикун аз ман", "Сабзак лаби ҷӯ", "Дигар марав", "Бо ман бимон", "Шаби ошиқони бедил", "Бо дили дарё нишинам", "Чӣ дидаму чӣ дидам", "Бишнав, ки аз бунёди ман", "Турки камонабрӯ", "Андак-андак", "Рақс бикун ҷоно", "Танҳо шудам", "Санги мазорам" ва "Хайрбод" то ҳол вирди забони ҳаводоони ҳунари асили Кароматуллоҳи Қурбон мебошанд.

Мероси падар хоҳӣ...

Замони аз байн рафтани Кароматуллоҳи Қурбон, сароянда соҳиби се фарзанд - ду писар ва як духтар буд. Фарзандони шодравон ҳанӯз кӯдак буданд, ки аз меҳри падарӣ маҳрум монданд.

Ба нақли дӯстони наздики хонавода, Кароматуллоҳ дар баробари серкор будан доим ҳушу гӯшаш ба фарзандонаш будааст. На ӯ на ва фарзандон аз дидори ҳамдигар сер ношуда монданд.

Имрӯз, писари бузургии Кароматуллоҳ - Муҳаммадрофеъ ва духтараш Нозия роҳи ҳунарро интихоб кардаанд.

Онҳо бо бозхонии сурудҳои падар чандин бор толорҳои бузурги Тоҷикистонро аз тамошобин пур кардаанд.

Ба хотири ёдбуди падар ҳар сол Кароматуллоҳ ва Нозия дар зодрӯзи Каромматуллоҳ Қурбон, 29 ноябр барномаи консертӣ баргузор мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0