Намоиши “Дирафши Коваёнӣ” дар Қазоқистон шоҳҷоиза гирифт

Обуна шудан
Намоиши “Дирафши Коваёнӣ”-и Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар Ҷашнвораи байналмилалии театрҳо миёни чор давлати Осиёи Марказӣ Шоҳҷоизаи асосӣ ба даст овард

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ҷашнвораи мазкур аз 15 то 19 октябр дар Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Жезказгани Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида, ба хотираи Арбоби шоистаи Қазоқистон, яке аз асосгузорони театри Жезказган, коргардон  Ҷанат Хаҷиев бахшида шуда буд, хабар додааст “Ховар”.

В Самарканде открылся фестиваль Шарк тароналари - Sputnik Тоҷикистон
Ҳунармандони тоҷик мардуми Самарқандро тасхир карданд

Манбаъ афзуд, дар фестивал гурӯҳҳои театрӣ аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, инчунин аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии фестивали мазкур рушди санъати театрӣ, таҳкими робитаҳо миёни театрҳои кишварҳои гуногун ва дарёфти чеҳраҳои нав арзёбӣ шуд.

Намоиши “Дирафши Коваёнӣ”-и Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали мазкур ҳам аз ҷониби тамошобинон ва ҳам аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳои баланд гирифт.

Намоиши “Дирафши ковиёнӣ” аз рӯи асари “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар таҳияи коргардони шинохта Нозим Меликов рӯи саҳна омада, дар Тоҷикистон низ дар доираи касбӣ ва миёни ҳаводорони санъати театрӣ маҳбубият пайдо кардааст.

Соли 2017 “Дирафши Коваёнӣ” сазовори Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2017” гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0