Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ғайратшо дар ҳузури президент: аз супоридани эътимоднома то муносибати дӯстона

© ВУХ ҶТСупоридани Эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон
Супоридани Эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон Соҳибназар Ғайратшо эътимодномаи худро ба Президенти  Ҷумҳурии Лаҳистон ҷаноби Анжей  Себастиан  Дуда супорид

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Рӯзи 18 октябр, дар Варшава сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон бо қароргоҳаш дар Берлин Соҳибназар Ғайратшо эътимодномаи худро ба Президенти  Ҷумҳурии Лаҳистон ҷаноби Анжей  Себастиан  Дуда супорид.

Медуниверситет в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Лаҳистон ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҷҳизоти тадқиқотӣ мехарад

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки пас аз қабули Эътимоднома Президенти Лаҳистон Сафири навтаъйинро барои суҳбати хоса пазируфтааст.

Зимни суҳбат робитаҳои Тоҷикистону Лаҳистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҷеъ ба вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои ҳар ду кишвар ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди Урупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

Президенти Лаҳистон сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо орзу намудааст.

"Ӯ бо ишора ба муносибатҳои анъанавии дӯстонаи кишварҳо омодагии худро баҳри мусоидат дар таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Лаҳистону Тоҷикистон иброз намуд", - омадааст дар хабарнома.

Дар фарҷоми маросими ташрифотӣ сафир ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба таърихи кишвар ба пояи оромгоҳи сарбози номаълум гулчанбар гузоштааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала