Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори Ҳукумат: Раҳмон пулситонӣ аз мошинҳои Қирғизистонро бекор кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, қарори Ҳукумат барои ситондани молиёти экологӣ аз мошинҳои Қирғизистонро, ки аз 62 то 300 сомонӣ буд, бекор кард

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи равон имзо кард, қарори қаблӣ барои гирифтани молиёти экологӣ аз мошинҳои Қирғизистон ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон бекор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар Отряди сарҳадии Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Террористон марзи Тоҷикистонро меомӯзанд: ҳушдори КДАМ ва пешниҳоди Раҳмон

Пардохтҳои экологӣ барои мошинҳои Қирғизистон моҳи ноябри соли 2017 роҳандозӣ шуда буданд ва далели он ҳифзи ҳавои ҷумҳурӣ арзёбӣ шуда буд.

Аз ҷумла ҳаҷми пардохтҳои экологӣ барои мотосиклҳо 62 сомонӣ, воситаҳои нақлиёти сабукрав – 124 сомонӣ, мусофирбарҳои хурд – 250 сомонӣ ва мошинҳои боркашу автобусҳо – 300 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Ҷамъоварии маблағи мазкур ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон вогузор шуда, таъкид шуда буд, ки даромад аз он ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид карда шавад.

Талаби Раҳмон аз Жээнбеков барои зудтар имзо кардани созишномаи марзӣ

Бекор шудани ин қарор дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин танҳо 520 километр аломатгузорӣ шуда, боқимонда намуайян мебошад. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки дар марз муноқишаҳо миёни сокинони наздисарҳадӣ рух медиҳанд, ки баъзан бо ҳалокати одамон меанҷомад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала