Бурак Оздемир Нурмуҳаммедовро сахт тарсонд - навор

© акс аз саҳифаи Instagram Бурак ОздемирҲабиб Нурмуҳаммедов ва Бурак Оздемир
Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Бурак Оздемир - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва тими ӯро ошпази моҳири туркӣ Бурак Оздемир бо мурғбирён зиёфат дода, сипас Ҳабибро бо тездастии махсуси худ тарсонд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Қаҳрамони ҷаҳон Ҳабиб Нурмуҳаммедовро ошпазии маъруфи туркӣ Бурак Оздемир меҳмоннавозии хуб кард ва сипас  ӯро сахт тарсонд.

 Дар асоси аксҳое, ки ин ошпази моҳир дар Instagram нашр намудаст, ӯ барои Ҳабиб ва рафиқонаш мурғбирён омода намуд ва Ҳабибро бо ҳуққабозии махсуси худ бо косаву табақ тарсонд.

Бурзак дар фарҷом ба қаҳрамони ҷаҳон Ҳабиб Нурмуҳаммедов маҳсулоти пухтупазро бо номи ӯ оро додашуда, ҳадя намудаст.

Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл қаҳрамони рус ва зодаи Доғистон Ҳабиб Нурмуҳаммедов нахустин мусобиқаи ММА дар таърихи Узбакистонро эълон кард.

Писарамаки Нурмуҳаммадов гуфт, кӣ ба Ҳабиб забони тоҷикиро ёд дод

Ҳабиб дар сафҳаи Instsgram ба тамоми ҳаводоронаш аз сафари қарибулвуқӯи худ ба Узбакистон хабар додаст.

Гуфта мешавад, қаҳрамонии GFC20  дар толори Humo Arena - и Тошканд санаи 23 ноябри соли равон баргузор мешавад. Ба ҳайси меҳмони фахрӣ қаҳрамони ҷаҳон Ҳабиб Нурмуҳаммедов даъват шудаст.

Лентаи хабарҳо
0