Сармутахассиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ихтиёран ба хизмати аскарӣ рафт

Асламшоҳ Маҳмадхолиқов, сармутахассиси бахши Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши ноҳияи Панҷ ва соҳиби як фарзанд бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ рафтааст

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Рӯзи 22 октябри соли равон ба Комиссариати ҳарбӣ дар ноҳияи Панҷ Асламшоҳ Маҳмадхолиқов, сармутахассиси бахши кор бо чавонон ва варзиши ноҳияи Панҷ ҳозир шуд. Вай тақозо кардааст, ки мехоҳад ихтиёран ба сафи қувваҳои мусалаҳи Тоҷикистон пайвандад.

ЖД Вокзал в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Фирори Саидов аз аскарӣ дар маркази Душанбе

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар додааст.

“Сармутахассиси бахши кор бо чавонон ва варзиши ноҳияи Панҷ Асламшоҳ Маҳмадхолиқов дирӯз, 22 октябр, барои иҷрои қарзи фарзандӣ ихтиёран ба Комиссариати ҳарбӣ омада, баъди аз муоинаи тиббӣ гузаштан ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар карда шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки Асламшоҳ Маҳмадхолиқов соҳиби 1 фарзанд буда, дорои маълумоти олӣ мебошад.

“Асламшоҳ дар назди худ қавл дод, ки хизмати Ватан-модарро бо сарбаландӣ иҷро намуда, рисолати чавонмардии худро дар назди халқу Ватан анҷом диҳад”,- қайд намудааст манбах.

Масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар маросими гусели Асламшоҳ Маҳмадхолиқов ба сафи Артиши миллӣ иштирок намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала