https://sputnik.tj/20191023/khf-chupon-41-sola-najot-dodand-ki-ba-jari-sarozer-shudast-1030091409.html
КҲФ чӯпони 41 - солаеро дар Ваҳдат наҷот доданд, ки ба ҷарӣ сарозер шуд
КҲФ чӯпони 41 - солаеро дар Ваҳдат наҷот доданд, ки ба ҷарӣ сарозер шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз наҷот додани як чӯпон хабар медиҳад, ки дар деҳаи Чорсӯи шаҳри Ваҳдат ба ҷарӣ сарозер шуд 23.10.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-10-23T17:20+0500
2019-10-23T17:20+0500
2019-10-23T17:43+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102985/11/1029851140_0:21:1140:666_1920x0_80_0_0_32d60a273c5a05f73feb821991956616.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102985/11/1029851140_0:0:1140:717_1920x0_80_0_0_5c9a8127df154d3afaf961b5aaabed39.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, кҳф, наҷот додан
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, кҳф, наҷот додан
КҲФ чӯпони 41 - солаеро дар Ваҳдат наҷот доданд, ки ба ҷарӣ сарозер шуд
17:20 23.10.2019 (Навсозишуда: 17:43 23.10.2019) Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз наҷот додани як чӯпон хабар медиҳад, ки дар деҳаи Чорсӯи шаҳри Ваҳдат ба ҷарӣ сарозер шуд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, санаи 20 октябри соли равон наҷотдиҳандагон хабари ба ҷари сарозер шудани як чӯпон аз шаҳри Ваҳдатро дарёфт намуданд.
Манбаъ меафзояд, пас аз дарёфт намудани хабари мазкур, кормандони наҷот ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ ва занбар, чӯпони 41 - соларо аз умқи беш аз 15 метр боло оварданд.
КҲФ: ду кӯҳанаварди рус пас аз 19 соати ҷустуҷӯ дар қаторкӯҳҳои Фон пайдо шуданд
Гуфта мешавад, ҳангоми ба ҷарӣ сарозер шудан дасти чӯпон шикастаст.
Зимнан, чӯпонро пизишкони мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона интиқол доданд.
Феълан, чӯпон дар бемористон қарор дорад ва табибон вазъи саломатии ӯро мӯътадил арзёбӣ мекунанд.
Даҳшат: ҷавон барои наҷоти арӯсаш тӯъмаи хирси ваҳшӣ шуд