Раҳмон: Иттифоқи касаба барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ бояд талош намояд

© пресс-служба главы ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз дар Кохи Борбад Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот таъкид доштааст, ки ҳадафи вохурӣ баррасӣ ва муҳокимаи фаъолияти кунунии Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории Ҳукумати кишвар бо ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ ва иштироки ин ниҳод дар тадбирҳои ободонию созандагӣ ба хотири рушду пешрафти кишвар будааст.

В Худжанде состоялась совместное заседание Профсоюзов Таджикистана и Узбекистана  - Sputnik Тоҷикистон
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистону Узбакистон хостори таҳкими ҳамкорӣ шуданд

Роҳбари давлат қайд намудааст, ки Тоҷикистон аз соли 1993 узви комилҳуқуқи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат мебошад ва аз ҷониби Тоҷикистон 51 конвенсия ва 22 тавсияи ташкилоти мазкур пазируфта шудааст.

“Ҳамаи ин санадҳо бевосита барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона гардидааст”, -гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

 “Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд”,- қайд намудааст Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури кишвар Иттифоқҳои касабаро ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадораст, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаашон назорати ҷамъиятиро ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, чорабиниҳои ҳифзи меҳнат ва риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, амалӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0