Сомонпаҳлавон бо андаке таъхир ба Тоҷикистон омад: навори пешвози қаҳрамони ҷаҳон

Обуна шудан
Сомон Маҳмадбеков Қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо мебоист имрӯз соати 09:00 тариқи хатсайри Кроснаярс- Душанбе озими Тоҷикистон мешуд. Вале бинобар таъхиркорӣ дар парвози ин хатсайр Сомон, соати 11:40 дақиқаи ба Душанбе расид

Барои пешвоз гирифтани қаҳрамони тоҷик дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садҳо мухлисону ҳаводорони ин намуд варзиш ва хешу ёрони Сомон Маҳмадбеков ҷамъ омада будаанд.

Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон
Эълони мукофотпулиҳо барои Сомон: Кумита чанд медиҳаду Президент чӣ қадар?

Навори пешвоз гирифтани ҷаҳонпаҳлавонро  Музаффар Имомдод як корбари фаъоли Фейсбук нашр намудааст. Дар навори истиқболгирии Сомонпаҳлавон, одамон бо шиору овеза ва гулдастаҳо ба фурудгоҳи Душанбе омадаанд.

Дар баробари садҳо мухлисону ҳаводорони варзишгар, ҳамзамон ба истиқболи ӯ масъулини Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва чанде аз варзишгарони номдори тоҷик ташриф оварданд.

Миннатдории падари Сомон аз раиси вилояти Бадахшон барои барқияи шодбошӣ

Тибқи анъана ба Қаҳрамони ҷаҳон ҷомаи гулдӯзӣ ва тоқӣ пушонда ба гардани ӯ гулчанбар овехтанд.

Сомон Маҳмадбеков дар Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни 73 кило бар варзишгарони Кеп Верд - Семедо Клаудиано, Қирғизистон - Асад Масабиров, Белгия - Абдул Малик Умаев, дар чорякфинал бар намояндаи Итолиё - Эдуардо Мелла, дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Руссия дастболо шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро миёни ҷавонон сазовор гардид.

Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Фарзанди баномуси миллат": паёми шодбошии Ёдгор Файзов ба Сомон Маҳмадбеков

Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ дар радабандии олимпии вазни -73 килои Федератсияи ҷаҳонии ҷудо аз ҷои 21-ум ба мақоми 14-ум ва дар радабандии ҷаҳонӣ аз ҷои 31-ум ба ҷои 19-ум баромад. Миёни ҷавонон бошад, 57 зина боло баромада, ҷои аввалро ишғол мекунад.

Сомон Маҳмадбекови 20-сола аз соли 2015 дар мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо иштирок мекунад ва то ин вақт медалҳои тиллои Ҷоми Африқо миёни ҷавонон (Тунис, 2017), Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Арад, 2017), Ҷоми Осиё миёни калонсолон (Ҳанг Конг, 2018), медали нуқраи Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Коимбра, 2018), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017)-ро мушарраф гардида, дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон соли 2019 дар Токио маҳорати хуб нишон дода, ҷои 5-умро ишғол кард.

Лентаи хабарҳо
0