Пошхӯрии оилаҳо дар Хатлон рӯ ба афзоиш аст

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раванди пош хӯрдани оилаҳо дар вилояти Хатлон рӯ ба афзоиш овардааст. Омили асосии ҷудо шудани оилаҳои ҷавон ба хушунат ва омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона рабт дода мешавад

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Давоми нӯҳ моҳи охири соли равон дар вилояти Хатлон дасти кам 1972 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 210 ҳолат зиёд аст.

Дети собирают конфеты по обычаю идгардак - Sputnik Тоҷикистон
Дар Шаҳритуз бо пош хӯрдани 55 оила наздики 47 кӯдак аз муҳаббати волидон маҳрум монданд

Хабаргузории Фараж аз қавли сармутахасиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон Мирсаидзода Ҳурумбӣ  иттилоъ медиҳад, бештари ҷудошавии оилаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Кӯлоб, Вахш, Панҷ, Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ  ба қайд гирифта шудаанд.

Манбаъ қайд кард, ки аз 1972 оилаи ҷудошуда 1526 ҳолати он бо қарори суд, 439 ҳолат бо аризаи якҷояи зану шавҳар бекор шудааст.

Аз ҳама бештар ҷудошавии оилаҳо миёни ҷавонони то синни 35-сола сабт шудааст. Дар ин давра 1307 ақди никоҳи ҷавонони то 35-сола бекор гардидааст.

Маркази “Ваҳдати оила” дар Хуҷанд барои вайрон нашудани оилаҳо талош хоҳад кард

Манбаъ меафзояд, ки  омилҳои ҷудошавии оилаҳо ба бефарзандӣ, омода набудани ҷавонон ба ҳайёти мустақилона ва хушунати хонаводагӣ арзёбӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0