Тағйироти кадрӣ: Гусели Набиев ва таъини Қосимов

© Sputnik / Амир ИсаевПодпись документа. архивное фото
Подпись документа. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ориф Набиев аз вазифаи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд озод шуда ба ҷои ӯ ба ин мансаб, Бахтиёр Қосимов таъин карда шудааст

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ба иттилоъи манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд, қарори Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят “Дар бораи ба мансаби сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд таъин намудани Бахтиёр Қосимов” аз 15 уми октябр ба тасвиб расидааст.

Сабаби барканории Ориф Набиев ба синни нафақа расидан, гуфта мешавад. 

Ориф Набиев, 3 майи соли 1956 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда,  фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1977 ба ҳайси режиссёр-басаҳнагузорандаи театри ба номи К. Хуҷандӣ оғоз намудааст. 

Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: аз вазифа сабукдӯш шудани Абдуқаюмзода ва Қосимов

Ӯ сар аз моҳи январи соли 2014 ба вазифаи сардори Раёсати фарҳанг дар Суғд таъин шуда буд.

Президент генерал Мирализодаро барканор карду ба ҷояш полковник Фаттозодаро таъин намуд

Пештар аз ин Набиев тӯли солҳои 2007 – 2011 дар вазифаи муовини сардори Раёсати фарҳанги Суғд ва мутахассиси пешбари шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Хисор фаъолият бурдааст. Аз соли 2011 то январи 2014 дар вазифаи мутахассиси пешбари Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Тағйироти кадрӣ: аз ВУХ то бахши ёрдамчиҳои президент

Бахтиёр Қосимов то ин муддат, мудири бахши фарҳанг дар шаҳри  Хуҷанд буд ва рӯзи 19-уми октябр бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд ва розигии вакилони шаҳр бино бо сабаби гузаштан ба вазифаи дигар аз ин вазифааш озод карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0