Дар Хуҷанд барандаи озмуни "Донандагони беҳтарини Конститутсия” эълон мешавад

© Sputnik / Игорь ЛекаркинКонституция республики Таджикистан, архивное фото
Конституция республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни 25 солагии Конститутсияи Тоҷикистон тибқи фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳр озмуни умумишаҳрии “Донандагони беҳтарини Конститутсия” эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд озмуни  “Донандагони беҳтарини Конститутсия” бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Убайдуллоев: тағйиру ислоҳоти Конститутсия тақозои вақту ҷомеа аст

Намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр Шамсия Қурбонова ва Зулфия Умарова зикр доштанд, ки Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар ҷомеа андешаи барпо намудани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешиву бисёр-ҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар масъалаҳои муҳими демократиро ба вуҷуд овард, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ва куллан дигаргун кардани сохти давлатдорӣ зарурати қабули Конститутсияи нави кишвар ба миён омад.

“Зеро ҳама хуб дарк мекарданд, ки танҳо бо қабули Конститутсияи нав ҳимояи заминаҳои истиқлол ва муаррифии расмии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои пешрафтаи олам муяссар мешавад, амнияти милливу давлатӣ ва оромии вазъияти ҷомеа таъмин мегардад ва бо ҳамин роҳ пояҳои сиёсиву ҳуқуқии давлате, ки қадамҳои нахустини худро мегузошт, устувор мегардад”,- таъкид намуданд Намояндагони шуъбаи маорифи.

Сипас, дар синфхонаҳои алоҳида имтиҳони 37 нафар ғолибони даври мактабии озмуни “Донандагони беҳтарини Конститутсия” оғоз гардид.

Ҳайати ҳакамон бо усули гирифтани кори хаттӣ ва пурсиши тестӣ ғолибонро муайян менамоянд.

Интизор меравад, ки дар рӯзҳои таҷлили 25 солагии Конститутсияи Тоҷикистон ғолибони “Донандагони беҳтарини Конститутсия” бо диплом ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ шаванд.

Лентаи хабарҳо
0