Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба Беларус мераванд

© Sputnik / Илья Алексеев / Гузариш ба медиабонкИнтихобот. Акс аз бойгонӣ
Интихобот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони Комиссияи марказии интихоботи ва раъйпурсии Тоҷикистон дар баробари намояндагони Россия, Украина, Гурҷистон ва як қатор кишварҳои дигар ба Беларус барои  назорати   ҷараёни интихоботи палатаи поёнии парлумони ин кишвар мераванд.

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар Белорусия санаи 17 ноябри соли равон интихоботи палатаи поёнии парлумонӣ баргузор мешавад.

Здание парламента Республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вакилони Парлумони Тоҷикистон баъд аз истироҳат ба кори худ шурӯъ карданд

Ба иттилои раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Лидия Ермошина, намояндагони Тоҷикистон низ ба сифати нозир ба интихобот даъват гардидааст.

Дар Узбакистон ҳизби нав ташкил ёфт

Ба иттилои Ермошина намояндагони Комиссияи марказии интихоботи ва раъйпурсии Тоҷикистон дар баробари намояндагони Русия, Украина, Гурҷистон ва я к қатор кишварҳои дигар ба Белорус барои назорати ҷараёни интихоботи палатаи поёнии парлумон даъват шудаанд.

баргузор мешавад.  Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Спутник» хабар медиҳад, дар ин бора раиси Комиссияи марказии интихоботи Беларус Лидия Ермошина иттилоъ дод.

"Ҳамтоён аз Булғория, Украина, Гурҷистон меоянд, аз Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Узбакситон ва Арманистон  аллакай саволномаҳоро ирсол гардиданд", - афзудааст Ермошина зимни брифинги мустақим тавассути сомонаи маркази матбуоти миллии кишвараш.

Раиси Комиссияи маркази интихоботии Беларус ҳамчунин  иттилоъ дод, ки аллакай 12 нафар нозирон аз ҳамтоёни хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд, аммо шумораи онҳо бештар хоҳад шуд, зеро баъзеҳо омадани худро ба таври шифоҳӣ тасдиқ карданд, вале ҳанӯз дар ҳоли интихоби номзадҳои худ дар доираи Комиссияи маркази интихоботӣ мебошанд.

Интихобот ба палатаи намояндагони парлумони Беларус тибқи системаи мажоритарӣ баргузор мешавад. Дар 110 ҳавза 110 вакилро интихоб мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0