130 тоҷикистониро аз марзи Русия гардонданд: вуруди 52 ҳазори дигар мамнӯъ шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешГраждане Узбекистана идут на посадку в терминале аэропорта Внуково
Граждане Узбекистана идут на посадку в терминале аэропорта Внуково - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар 9 моҳи соли равон 130 шаҳрванди Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои сарҳадии Русия бозпас гардонда шуда, ба феҳрасти афроди мамнӯъ-ул-вуруд боз наздики 53 ҳазор нафари дигар зам гардид

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон дар ҷамъбасти омори 9-моҳа иттилоъ доданд, ки теъдоди шаҳрвандони кишвар, ки вурудашон ба Русия мамнӯъ мебошад, 261 ҳазору 215 нафарро ташкил медиҳад. Нашрияи “Садои мардум” аз қавли мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар додаст, ки теъдоди афроди мамнӯъ-ул-вуруд дар муқоиса ба соли гузашта 52 ҳазору 831 нафар ё 25 дарсад зиёд шудааст.

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Путин аз осонсозии патентгирӣ ва ҳилаи ҳарфивазкунии муҳоҷирон гуфт

Манбаъ бо такя ба маълумоти расмӣ афзуд, ки дар нуҳ моҳи соли равон 411 ҳазору 344 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла, 58868 нафар бону бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа сафар кардаанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 86108 кас ё ин ки 26 дарсад зиёд буда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта муҳоҷирати мардон 25 ва занон 34 фоиз афзудааст.

Афзоиши муҳоҷират ба Русия ва фавти 688 тоҷикистонӣ дар хориҷ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ 401 ҳазору 460 нафар ба Русия сафар кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 дарсад ё 90 ҳазору 177 нафар зиёд мебошанд. Инчунин 8 ҳазору 415 тоҷикистонӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Вазири адлия гуфтаҳои Путинро дар бораи номивазкунӣ тасдиқ кард

Теъдоди шаҳрвандони фавтида дар хориҷ аз мамлакат 688 нафар арзёбӣ шудааст, ки назар ба 9 моҳи соли қаблӣ 51 нафар ё 8 дарсад зиёд аст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт,  мақомоти кишвар ҳамроҳ бо мақомоти Русия масъалаи афви муҳоҷирони меҳнатро баррасӣ доранд ва имкон дорад то охири сол ин масъала ҳалли худро пайдо намояд. 

Лентаи хабарҳо
0