Ҷаласаи сайёр дар Душанбе: кишварҳои узви СПАД амнияту мудофиаро баррасӣ карданд

Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи саӣёри раисони кумитаҳо ва комиссияҳо доир ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои аъзои СПАД баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Имрӯз дар китобхонаи миллии шаҳри Душанбе ҷаласаи саӣёри муштараки Маҷлиси ҳамоҳангсозӣ  раисони кумитаҳо ва комиссияҳо доир ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои  аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) назди Шӯрои Ассамблеяи Парламентии СПАД ва комиссияи доимии Ассамблеяи Парламентии СПАД баргузор гардид.

Начальник Объединенного штаба Организации Договора о коллективной безопасности генерал-полковник Анатолий Сидоров - Sputnik Тоҷикистон
Сидоров: пурзӯршавии Толибон дар шимоли Афғонистон ба кишварҳои узви СПАД хатар дорад

Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва Раиси кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба мудофиа, раиси ҷаласаи ҳамоҳангсоз  Владимир Шаманов зимни суханронӣ иброз намуданд, ки  дар ҷаҳони имрӯза хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти СПАД афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои созмонро дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуби замон тақозо менамояд.

Шӯрои СПАД масъалаи пурзур намудани марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кард

Бино бар иттилои манбаъ, Тоҷикистон дар СПАД мавқеи махсусро ишғол намуда, дар таҳияи созишномаҳои нав, рушди робитаҳои амалӣ оид ба ташаккул ва рушди чорабиниҳои умумии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ оид ба мубориза бо таҳдидҳои дар назди СААД паӣдошуда саҳми арзанда дорад.

Депутат ГД Анатолий Выборный - Sputnik Тоҷикистон
Виборний: СПАД бояд дастаҷамъона барои амнияти интернетӣ талош намояд

Дар ҷаласаи саӣёр ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар СПАД мавқеи муҳимро ишғол мекунад ва дар таҳияи созишномаҳои нав, рушди муносиботи амалӣ оид ба ташкил ва коркарди тадбирҳои умумисиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ, дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ  вобаста ба вазъи Давлати Исломии Афғонистон ва аҳамияти марзии давлатҳои аъзои Созмони мазкур   саҳми арзанда мегузорад.

Худи ҳамин рӯз қисмати аввали барномаи иштирокчиёни ҷаласаи саӣёри муштараки Маҷлиси ҳамоҳангсозӣ  раисони кумитаҳо ва комиссияҳо оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои  аъзои СПАД назди Шӯрои Ассамблеяи Парламентии СААД ва комиссияи доимии Ассамблеяи Парламентии СААД ба анҷом расид.

Манбаъ зикр намудааст, ки иштирокчиёни ҷаласаи саӣёр дар фарҷом қарорҳои тавсиявӣ қабул намуданд.

Лентаи хабарҳо
0