Ифтитоҳи терминали нави мусофирбарӣ: барои мактабхонҳою солхӯрдаҳо ройгону донишҷӯён арзон

© дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБЁдгор Файзов, раиси ВМКБ дар мусофирбар дар терминали Бидурд
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар мусофирбар дар терминали Бидурд - Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, дар деҳаи Бидурди ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон терминали мусофирбарӣ кушод

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, терминали нави мусофирбарӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Соҳибқул Қарақулов сохта шудааст.

“Терминали мазкур дорои 10 адад мусофирбари тамғаи "Спринтер" буда, дар ҳудуди он хонаи модару кӯдак, бунгоҳи тиббӣ, ошхона ва ҳаммом фаъолият карда истодаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Хатсайри мусофирбарӣ аз деҳаи Будурди ҷамоати Сучон то бозори 20 солагии шаҳри Хоруғ буда, Қароқулов роҳкиро барои мусофирони аз 70-сола боло ва мактабхонҳо ройгон, барои донишҷӯён 1,5 сомонӣ ва барои дигарон 2 сомонӣ муқаррар кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала