Ҷоизаи “Қорӣ Ишкамба” - и Муҳиддин Музаффар дар Нижневартовск

© © Sputnik / Рубен ГарсияМухиддин Музаффар
Мухиддин Музаффар - Sputnik Тоҷикистон
Намоишномаи театри Конибодом дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Русия сазовори ҷоизаи “Беҳтарин инъикоси анъанаҳои театри миллӣ”

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Театри давлатии драмаи шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова дар VI Ҷашнвораи байналмилалии театрии намоишҳои шакли хурд, ки 24-28 октябри соли 2019 дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Русия баргузор шуд, сазовори ҷоизаи “Беҳтарин инъикоси анъанаҳои театри миллӣ” гардидааст.

© Вазорати фарҳангДастоварди “Қорӣ Ишкамба” дар Нижневартовск
Ҷоизаи “Қорӣ Ишкамба” - и Муҳиддин Музаффар дар Нижневартовск - Sputnik Тоҷикистон
Дастоварди “Қорӣ Ишкамба” дар Нижневартовск

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, аҳли эҷоди театр бо роҳбарии директори он Ғайрат Қодиров ба ҷашнвора намоиши “Қорӣ Ишкамба”-ро бурданд, ки коргардони маъруфи ҷавон Муҳиддин Музаффар аз рӯи асари сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ таҳия кардааст.

Мухиддин Музаффар. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нахустнамоиши филми Муҳиддин Музаффар "Тангно" 6-уми сентябр баргузор мешавад

Филми "Тангно"-и Муҳиддин Музаффарро дар Тошканд намоиш медҳанд

Ҷашнвора бо сарпарастии ЮНЕСКО баргузор шуда, тӯли чор рӯз 11 намоиш пешкаши ҳакамони чорабинӣ гардид.

Театри Конибодом 100-солагии Туҳфа Фозиловаро як ҳафта ҷашн мегирад

Дар радифи гурӯҳи театрӣ аз Тоҷикистон дар ин фестивал гурӯҳҳои театрӣ аз Фаронса, Ҳиндустон ва минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Шоҳҷоиза ба "Фирдавсӣ", ҷои якум ба "Хусраву Ширин" ва "Қорӣ Ишкамба": "Парасту-2019"

Боиси зикр аст, ки намоиши “Қорӣ Ишкамба”, ки дар чандин ҷашнвораҳои байналмиллалӣ обрӯи театри тоҷикро баланд бардоштааст, дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "ПАРАСТУ – 2019", ки моҳи апрели соли 2019 баргузор гардида буд, ҷои аввалро ба даст оварда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала