Шикасти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Испания бо ҳисоби калони 5:1

© акс аз саҳифаи ФФТМунтахаби наврасони то 17 - солаи Тоҷикистон
Мунтахаби наврасони то 17 - солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими наврасони Испания мунтахаби наврасони Тоҷикистонро бо ҳисоби калони 5:1 шикаст дода, бо касби 4 имтиёз дар ҷойи аввал қарор доранд

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Қаҳрамонии ҷаҳон-2019-ро бо мағлубият анҷом доданд.

Футбольный матч юношеских сборных Таджикистана и Испании. Онлайн-трансляция - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба пеш: бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистону Испания

 Дар ин рақобат футболбозони тоҷик аз тими рақиб бо ҳисоби калони 5:1 шикаст хурданд.

Довари бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Испания муайян шуд

Дар айни ҳол яккачни Испания бо касби 4 хол дар зинаи якум ва мунтахаби Тоҷикистон бо дарёфти 3 имтиёз дар зинаи дуюм қарор доранд. То ҳол аз гурӯҳи "Е" ба даври плей-офф ягон мунтахаб роҳ наёфтааст. Тақдири баромадани мунтахабҳо аз ин гурӯҳ танҳо дар даври охир муайян мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон низ барои роҳ ёфтан ба даври 1/8 ниҳоӣ имкони хуб дорад.

Навори пирӯзии зебои мунтахаби Тоҷикистон бар тими Камерун

Дар бозии сеюми гурӯҳ футболбозони тоҷия санаи 4-уми ноябр соати 01:00 бо вақти Душанбе бо тими миллии Аргентина рақобат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0