Азим Иброҳим аз фаъолияти нокифояи кабинетҳои методии раёсат ва шуъбаҳои маориф қайд кард

© Foto / Хадамоти матбуоти ҳукумати ҚирғизистонЗаместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои милли рушди маорифи Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Вазорати маориф ва илм иштирок карданд

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Ахиран таҳти раёсати Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои милли рушди маорифи назди Ҳукумати кишвар баргузор шуд, иттилоъ додааст хабаргузории АМИТ “Ховар”.

Класс. Ученики - Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф ва илм ҷамъоварии маблағ аз толибилмон ва волидонро қатъиян манъ намуд

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласаи навбатӣ масъалаҳои “Нақши кабинетҳои методии раёсат ва шуъбаҳои маориф, шӯро ва иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар такмили маҳорати касбии омӯзгорон” ва “Нақши курсҳои такмили ихтисос дар баландбардории малакаи касбии омӯзгорон: мушкилот ва дурнамо” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳо Азим Иброҳим диққати ҳозиринро ба мушкилоти мавҷудаи соҳаи маориф, аз ҷумла фаъолияти нокифояи кабинетҳои методии раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, шӯро ва иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки метавонанд дар такмили маҳорати касбии омӯзгорон саҳми муассир гузоранд, ҷалб кард.

Вай таъкид намудааст, ки нақши ташкил ва баргузории курсҳои такмили ихтисос дар ин самт муҳим арзёбӣ намуд.

“Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ аз ҳар як омӯзгор маҳорату малака ва донишу қобилияти муосирро тақозо карда, барои пурра ҷорӣ кардани таҳсилоти салоҳиятнок такмили ихтисоси мунтазами омӯзгорон зарур мебошад”, - зикр кардааст Азим Иброҳим.

Дар ин ҷода, дар самти рушди соҳаи маориф тақвияти мавқеъ ва нуфузи омӯзгор дар ҷомеа, истифодаи таҷрибаи пешқадам, ба роҳ мондани усулҳои ҷолибу муосири таълим, истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, бартараф намудани норасоии кадрҳо, дарёфти роҳҳои нави ҳавасмандгардонӣ, таъмин кардани шароити мусоид барои фаъолияти босамари кабинетҳои методии раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, шӯро ва иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муҳим дониста шуд.

Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Қурбон Ҳакимзода, аз мушкилоти соҳаи маориф дар вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ кард

Раҳмон: маориф нисбат ба дигар соҳаҳо мушкилоти бештар дорад

Азим Иброҳим дар назди роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, ки аъзои доимии Шӯрои миллии рушди маориф мебошанд, вазифаҳои мушаххас гузошт.

Манбаъ қайд намудааст, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди маорифи Тоҷикистон бо қабули қарорҳои дахлдор ба анҷом расид.

Лентаи хабарҳо
0